Ҳоҷиёни тоҷик дар Ҳаҷ ҷон ба ҳақ супориданд
Се ҳоҷии тоҷик: ду мард ва як зан дар маросими Ҳаҷҷи имсола ҷон ба Ҳақ таслим карданд ва дар қабристони “Шароеъ”-и Маккаи мукаррама ба хок супурда шуданд.
Бино ба гуфтаи Афшини Муқим, сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин се тан ҳам баъди баланд шудани фишори худ ва сактаи қалб аз олам гузаштаанд.
Сарабек Маҳмадов, яке аз ҳоҷиёни гузашта 62 сол дошта сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ будааст ва Арал Шукурови 61-сола сокини ноҳияи Дӯстӣ буда, бино ба гуфтаи Кумитаи дин дар водии Мино ҷон додааст. Аммо Сарабек Маҳмадов аввал бар асари сактаи қалб бистарӣ шуда, баъдан дар бемористон ҷон супурдааст.
Бино ба иттилои Кумитаи дин, алҳол ҳуввияти шахси сеюм дақиқ нест. Вале марҳум зан аст. Ба зудӣ ному насаби ӯ низ эълон хоҳад шуд.
Маврид ба ёдоварист, ки соли гузашта низ дар маросими Ҳаҷ ду хонуми тоҷик-Гулсара Тоҷиева ва Соҷида Норова, сокинони шаҳрҳои Турсунзода ва Душанбе вафот карда буданд. Ин ду низ бар асари сактаи қалб ва фишори баланди худ оламро дар ҳангоми зиёрати Хонаи Худо тарк карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ