Оғохони 4 Пешвои ҷаҳон шуд
Созмони Милали Муттаҳид ҷоизаи имсолаи Пешвои ҷаҳонро ба се шахсият ва ду созмон, аз ҷумла ба раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони Чорум супурд.
Ин 5 баранда чемпиoнҳои рақами як дар роҳи тағйири ҷаҳони имрӯза унвон шуданд.Сандуқи Созмони Милали Муттаҳид шоми 18 октябр, дар солгарди 20-уми як миллиард доллар сарвати худро ба Созмони Милал тӯҳфа кардани миллиардери амрикоӣ Тед Тернер дар шаҳри Ню-Йорк маросими супурдани ҷоизаҳои Пешвои ҷаҳон -2017-ро доир кард. Ин ҷоиза ба шахсиятҳои алоҳида ва созмонҳое дода мешавад, ки дар роҳи тағйири ҷаҳони муосир нақши пештоз ё ба таъбири Созмони Милал, нақши «чемпиони ислоҳоти ҷаҳонӣ”-ро бозӣ кардаанд.5 ҷоизаи «Пешвои ҷаҳон – 2017” ба ду созмон — ширкати «Марс” ва Барномаи миначинии Созмони Милал ва се шахсияти алоҳида – сенатори амрикоӣ Боб Коркер, овозхон Элли Гоулдинг ва раҳбари исмоилиҳои ҷаҳон шоҳзода Карим Оғохони Чорум супурда шуд.Сандуқи Созмони Милал гуфт, Карим Оғохон барои нақши раҳбариаш дар ҳалли масоили ҷаҳонии тандурустиву маориф ва бӯҳрони паноҳҷӯён тавассути Шабакаи рушди Оғохон ва ҳам барои ҳамкории густардааш бо Созмони Милал сазовори ин ҷоизаи мӯътабар дониста шуд.Ҷоизаи Пешвои ҷаҳон -2017 -ро дар Ню-Йорк ба Оғохони Чорум собиқ дабири кулли СМ.Ҷоизаи Пешвои ҷаҳон -2017 -ро дар Ню-Йорк ба Оғохони Чорум собиқ дабири кулли СММ Куфӣ Анон супурд. Дар ҳошияи ин маросим Оғохони Чорум бо дабири кулли СММ Антониу Гутерреш низ як мулоқоти алоҳида доштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ