Оғози амалиёти низомии Туркия дар шимоли Сурия
Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон эълом кард, ки нерӯҳои ин кишвар амалиёти низомии худро дар шимоли Сурия оғоз карданд.
Ба гуфтаи Раҷаб Эрдуғон, ҳадафи амалиёти мазкур, ки «Манбаи сулҳ» номгузорӣ шудааст, мубориза бо созмони террористии «Давлати исломӣ» (ДИ) ва гуруҳҳои мусаллаҳи курд дар минтақа аст.
Интизор меравад, Анқара дар ҷараёни амалиёти низомии худ дар марзи Сурия бо Туркия минтақаи амнеро ташкил кунад, ки ба назари Эрдуғон, ба гурезаҳои суриягӣ имкон медиҳад, ба ватани худ баргарданд.
Хабарнигорони телевизиони CNN аз таркишҳо дар шимоли Ироқ ва истифодаи ҳавопаймоҳои низомӣ хабар доданд.
Нерӯҳои демократии Сурия (SDF), иттиҳоди курду ҷанговарони араб эътилофи низомии байналмилалӣ ба раҳбарии ИМА ва СММ-ро ба ташкили минтақае дар шимолу шарқи Сурия даъват карданд, ки дар осмони он парвоз мамнуъ бошад. Ба гуфтаи онҳо, амалиёти низомии Анқара «фоҷеаи инсонӣ»-еро дар пай хоҳад дошт.
Вазорати умури хориҷии Сурия талоши Анқараро барои ташкили «минтақаи амн» дар ҳудуди ин кишвар «нақзи қонунҳои байналмилалӣ» номид. Муовини раиси Кумитаи Шӯрои федеролии Русия дар умури байналмилалӣ Владимир Ҷаборов гуфт, Москва дар ҷанги Сурия ва Туркия иштирок намекунад, зеро ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои Русия бо ҳадафи дигар дар ҳудуди Сурия қарор доранд.
Курдҳои Сурия ҳампаймони калидии ИМА дар мубориза бо ДИ буданд. Туркия гуруҳҳои мусаллаҳи курдро террористӣ меномад. Эрдуғон чанд рӯз пеш эълом кард, ки зидди ДИ ва гуруҳҳои курд дар Сурия амалиёти низомиеро оғоз мекунанд. Президенти ИМА Доналд Трамп дар посух гуфт, Вашингтон аз амалиёти Анқара ҷонибдорӣ намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ