Оғози ҳамкориҳо миёни марказҳои тадқиқоти стратегии Эрон ва Тоҷикистон

Дар  Душанбе мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода бо Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадтақӣ Собирӣ баргузор гардид. Дар ин бора аз Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Диловар Қодирзода дар оғози мулоқот робитаҳои дӯстонаи Тоҷикистону Эронро мусбат арзёбӣ кард ва таъкид намуд, ки рушду тавсеаи минбаъдаи онҳо ҷавобгӯйи манфиатҳои ҳар ду ҷониб мебошад. Ӯ хусусан, инкишофи робитаҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сайёҳиро барои ҳар ду кишвари ҳамзабону ҳамфарҳанг муҳим дониста, зикр намуд, ки мутаассифона, зарфиятҳои воқеии ҳар ду давлат дар ин самт истифода нашудаанд.

Зимнан, мавсуф таъкид кард, ки бояд ҳамкориҳои илмиву пажӯҳишии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо марказҳои тадқиқоти старатегии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба роҳ монда шавад. Барои ин  бояд  дар байни ин марказҳо Ёддошти тафоҳум имзо гардад, то ки дар асоси он кормандони марказҳои тадқиқотии ҳар ду кишвар   тавонанд дар самтҳои гуногун пажӯҳишҳои илмиву таҳлилӣ анҷом диҳанд ва китобҳои муштарак дар мавзӯъҳои гуногуни сиёсӣ, иқтисодӣ ва  фарҳангӣ ба табъ расонанд.

Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммадтақӣ Собирӣ  таъкид бар он кард, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон аввалин шуда дар ҷаҳон Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро эътироф карда, сафорати худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ӯ аз муштаракоти забонӣ, фарҳангӣ, нажодӣ ва таърихии халқҳои Эрону Тоҷикистон ёдовар шуда, тазаккур дод, ки барои рушду густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои гуногун, бахусус, бахши иқтисодиёт, барномаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасро амалӣ хоҳад намуд. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ҷаноби Ҳасан Рӯҳонӣ имсол дар ҳошияи Машварати ҳамкорӣ ва боварӣ дар Осиё дар шаҳри Душанбе дар самти ҳамкорӣ ва робитаҳои сиёсӣ, иқтисод ва фарҳангии ҳарду кишвар уфуқҳои тоза боз намуд.

Сафир  зикр намуд, ки Ҷумҳурии Исломии Эрон ду маркази тадқиқоти стратегӣ: яке дар назди Президент ва дигаре дар назди Вазорати корҳои хориҷӣ дорад. Сафорати кишвари мо кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дар наздиктарин муҳлат дар байни марказҳои тадқиқоти стратегии Эрон ва Тоҷикистон робитаҳои зичи илмиву пажӯҳишӣ барқарор гардад, ки ин иқдом ба манфиати ҳар ду кишвари дӯсту ҳамзабон ва ҳамфарҳанг аст.

Сафир ҳамчунин изҳор дошт, ки Эрон бозори хеле бузург ва муносиб барои содироти меваҳои хушк, сангҳои ороишӣ, маснуоти заргарӣ, сарватҳои зеризаминӣ ва дигар молу амволи  Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. «Кишвари мо талош меварзад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба обҳои озод дастрасӣ пайдо намояд ва аз бунбасти коммуникатсионии минтақаи Осиёи Марказӣ комилан раҳо гардад», — гуфт ӯ. Барои амалӣ гардидани ин ҳадафи наҷиб ҷониби Эрон бандари «Чобаҳор»-ро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷора пешниҳод намудааст, ки ба манфиати ҳар ду кишвар аст. Дар айни замон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳозир аст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти гуногуни хушсифати саноатӣ ва кишоварзӣ содир намояд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *