Оғози «бӯҳрон»-и навбатии ғизоӣ

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон ахиран комисияи таъмини амнияти ғизоӣ ташкил кард. Ин тасмими ҳукумат дар ҳоле қабул шуд, ки дар кишвар орд камчин ва маҳсулоти ғизоӣ гарон шудааст.

Дар пойтахти Туркманистон камчинии тухми мурғ низ мушоҳида мешавад.

«Дар бозорҳо маҳсулоти ғизоӣ ҳамарӯза гарон мешавад, ба ҷуз ин арзиши хизматрасониҳои комуналӣ, барқу газу об ҳам боло меравад. Дар чунин шароит тухми мурғ дастрастарин маҳсулоти ғизоӣ буд», — мегӯяд як масъули Ишқобод.

Яке аз сабабҳои гарон шудани нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла тухми мурғ, ин манъи воридшавии мошинҳои ноҳиявӣ ва вилоятӣ ба пойтахти кишвар аст. Мошинҳои дорои рақамҳои вилоятӣ, ки ба кашонидани маҳсулоти ғизоӣ машғул буданд, аз ҳаққи ворид шудан ба пойтахт маҳрум гардиданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *