Оғози баромадани қӯшунҳои ИМА аз Сурия

Хизматчиёни ҳарбии ИМА раванди баромадан аз Ҷумҳурии Сурияи Арабро оғоз карданд. Дар ин бора котиби давлатии ИМА Майкл Помпео дар мусоҳиба бо шабакаи «Newsmax» изҳори назар кард.

«Қӯшунҳои мо мебароянд»,- гуфт роҳбари дипломатияи Амрико. Дар зимн  ӯ зикр кард, ки Президенти ИМА Доналд Трамп «дар мавқеи худ устувор аст». 19 декабри соли гузашта Қасри сафед марҳилаи нави маъракаи низомӣ дар Сурия ва баровардани қӯшунҳояшро аз ин кишвар изҳор кард.

Доналд Трамп бо иҷро кардани вазифа ва ба даст овардани ғалаба бар террористон низомиёнро табрик намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *