Оғози дарси Ҳофиз дар ДМТ аз ҷониби Масъуди Сипанд

Имрӯз дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзодаи факултаи филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили шеъри Ҳофизи Шерозӣ баргузор гашт. Тавре ректори Донишгоҳи миллӣ академик Имомзода Муҳаммадюсуф изҳор намуд, маҳфили мазкурро донандаи бузурги шеъри форсӣ Масъуди Сипанд пеш мебарад ва дар он ғазалиёти Ҳофизи Шерозиро тафсир менамояд. Масъуди Сипанд муфассири ашъори ин шоири мумтози Машриқзамин аст. Ӯ ҳоло дар Калифорнияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико зиндагӣ дорад ва беш аз 30 сол аст, ки  маҳфили ҳофизшиносиро, ки худ асос гузоштааст, роҳбарӣ мекунад.

Дар ҷашни Наврӯз,  ки имсол дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор гардида буд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Масъуди Сипанд даъват ба миён оварда буд, ки барои омӯзгорону донишҷӯён ва аҳли шеъру алоқамандони адабиёт дарси шеър гузарад. Маҳфили  шарҳи ғазалиёти Ҳофизи Шерозӣ дар толори ба номи Шарифҷон Ҳусейнзода давоми моҳҳои сентябр, октябр ва ноябри  соли 2016 баргузор мегардад. Дӯстдорони шеъри форсӣ, Ҳофизи Шерозӣ метавонанд дар ин маҳфил озодона иштирок намоянд. Маҳфил ҳафтаи ду маротиба рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа аз соати 9:00 то 11: 00  баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *