Оғози мулоқоти Доналд Трамп ва Ким Чен Ин

Имрӯз субҳ дар Сингапур мулоқоти таърихии роҳбари ИМА  Доналд Трамп бо роҳбари Куриёи Шимолӣ Ким Чен Ин оғоз гардид. Пеш аз оғози гуфтушунид онҳо дар ҳузури хабарнигорон дастфишурӣнамуданд.

Мулоқоти ду роҳбар дар танҳои бо иштироки тарҷумонҳояшон сурат гирифта, ҳамагӣ 35 дақиқа идома ёфт. Ҳайатҳои ҳардуҷониб ҳангоми ғизои нисфирӯзӣ дар мулоқот иштирок карданд. Дар ин мулоқот  аз ҷониби ИМА Майк Помпео, котиби давлатӣ, Ҷон Келлӣ раиси дастгоҳи президент, мушовири президент дар масоили амнияти миллӣ Ҷон Болтон ва ҳамчунин Сун Ким сафири ИМА дар Филиппин  иштирок намуданд.

Бино ба гуфти расонаҳо, эҳтимол дар поёни ин мулоқот «Изҳороти ҳамдигарфаҳмӣ» қабул шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *