Оғози симпозиуми байналмиллалӣ оид ба об дар Душанбе

Субҳи имруз дар шаҳри Душанбе Симпозиуми байналмилалии «Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт» бо кори худ оғоз намуд. Ин Сипозиум бо  ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Департаменти СММ доир ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ (UN-DESA) Симпозиуми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Ҳадафи шашуми рушди устувор “Таъмини дастрасии умум ба об ва беҳдошт” баргузор мегардад.

Симпозиморо Сарвазири Ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода ифтитоҳ карда, Президенти Ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониаш ҳозиринро шодбош ва гузаронидани ин чорабиниро идомаи ташаббусҳои Тоҷикистон доир ба об донист. Ҳамчунин табрикоти Дабири  кулли СММ-ро ноиби Дабири кулли СММ ҷаноби Гян Чандра Ачаря қироат кард.

Қарор аст, дар кори Симпозиум намояндагони 17 сохторҳои СММ иштирок хоҳанд кард. Дар маҷмӯъ, дар ин Симпозиум зиёда аз 500 нафар меҳмонон аз 90 кишвари олам, 47 ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ба монанди СҲШ, ИДМ, Созмони ҳамкории иқтисодӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Салиби Сурх ва дигарон  иштирок хоҳанд кард.

Дар кори Симпозиум, ки тайи ду рӯз Дар Душанбе идома хоҳад кард, масъалаҳои зерин баррасӣ хоҳанд шуд:

-афзун намудани зарфияти ҳукуматҳои миллӣ ва мақомоти маҳаллӣ дар масъалаи мудирият аз болои истифодаи ҳамгироиёнаи захираҳои обӣ;

-табодули дониш ва таҷриба дар масоили беҳтар намудани дастрасӣ ба об, беҳдошт ва санитария;

-баланд бардоштани самаранокии истифодаи об;

-коҳиш додани ифлосшавии захираҳои обӣ;

-ҳифзи ҳавзҳои обӣ ва системаҳои беҳдоштии экологӣ;

-пешбурди ҳамкориҳо ва шарикии байналмиллалӣ;

-рушди ҳамкориҳои минтақавӣ ва бисёрсоҳа;

-пешбурди ташаббусҳои мушаххас ҷиҳати иҷрои  ҳадафи шашуми рушди устувор ва вазифаҳои вобаста ба он.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *