Об ҳам соҳиби торнамо шуд. Тоҷикистон ба конфронси Ню-Йорк омодагӣ мегирад (аудио)

Торнамои Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028”, ки 6-9-уми июни 2022 дар Душанбе баргузор мегардад, ба кори худ оғоз бахшид.

Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон иттилоъ дода, ишора мекунад, ки торнамои мазкур бо нишонии www.dushanbewaterprocess.org фаъол гардидааст.

— Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикон баргузор карда шуда, он ҳамчун занҷираи марказии раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба баррасии миёнамуҳлати даҳсолаи об 22-24-уми марти соли 2023 дар Ню-Йорк хоҳад буд, ки Тоҷикистон ва Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доранд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *