Об қиммат мешавад

Арзиши оби ошомидании пойтахт аз 15 октябри соли равон гарон мешавад, омадааст дар сомонаи расмии шаҳри Душанбе.

Шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ қарор намудааст, ки баҳри  беҳдошти вазъи хизматрасонӣ барои аҳолии пойтахт арзиши оби ошомиданӣ  боло бурда шавад.

Мувофиқи дастури раиси шаҳри Душанбе шуруъ аз 15 октябри соли ҷорӣ, аҳолии мамлакат барои 1 метри мукааби об 0,49 сомонӣ, ташкилотҳои буҷҷавӣ 1,55 сомонӣ  пардохт хоҳанд кард. Нархномаи об барои ташкилотҳои тиҷоратӣ ва сафоратхонаҳо 3,75 сомониро ташкил хоҳад дод.

То ин дам аҳолии шаҳри Душанбе барои 1 метри мукааби об 0,39 сомонӣ, ташкилотҳои буҷавӣ 1,15 сомонӣ пардохт мекарданд. Ин нархнома аз 1 январи соли 2017 амал мекард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *