Об – сарчашмаи ҳаёти солим ва рушди босубот

Тибқи маълумоти расмии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 1 млрд. сокини сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашанд, 750 млн. нафар ба оби тозаи  ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, ки дар навбати худ боиси ба касалиҳои гуногун мубтало ва марги миллионҳо одамон, бахусус, кудакон гардидааст.

Баргузории Конференсияи байналмилалии Душанбе оид ба оғози Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо иштироки 65 ҳайати расмии беш аз 120 давлати ҷаҳон бори дигар Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар маркази таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дод.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони соҳибистиқлолии худ дар дунё ба ҳайси як кишвари ташаббускор дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубраму муҳими ҳифзу нигаҳдошти муҳити зист дар сайёра, хусусан дар масъалаҳои вобаста ба об шинохта шудааст ва ин бесабаб нест, чунки маҳз Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар ин ҷода пайваста гомҳои устувору нишонрас бардошта, «Соли байналмилалии оби тоза (2003)»,  Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, солҳои 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, соли 2013»-ро пешниҳоду роҳандозӣ намояд ва ин пешниҳодҳо аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ва кишварҳои аъзои он ҳамчун амри воқеӣ, зарурӣ ва барои даврони муосир ногузир қабул гардиданд.

 Ба миён гузоштани чунин масъалаҳои ҷиддӣ бо назардошти рӯз то рӯз бештар гардидани мушкилоти норасоии об ва ташвиши умумиҷаҳонӣ пайдо намудани он дар олам  аз дурандешӣ, масъулият ва ниятҳои поку башардӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дарак дода, боиси шараф ва ифтихори мо – тоҷикон гардидааст. Талошҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба масъалаи об ва дастрасӣ ба оби тозаи ошомиданӣ сарони давлатҳо, созмону ташкилотҳо ва ҷомеаи ҷаҳониро ба андешаву тафаккур водор намудааст.

 Агар ба харитаи Тоҷикистон ё ҷаҳон назар андозем, мебинем, ки инсоният аз қадим боз манотиқи ба об наздикро барои зиндагӣ ихтиёр намудааст. Мардуми сайёра аксаран дар лаб-лаби рӯду дарёҳо, соҳили кулу баҳрҳо маскан гирифта,  қарнҳо боз умр ба сар мебаранд. Дар дунё мушкил аст шаҳреро пайдо намоем, ки дар ҷойи беоб арзи ҳастӣ намуда бошад. Баръакс, дар ҳолатҳое, ки шаҳру навоҳии ободу шукуфон аз дастрасӣ ба об маҳрум гардиданд (масалан, қатъи таъминоти об дар натиҷаи ҷангҳо), ин маконҳои обод рӯ ба харобӣ оварда, ба зудӣ аз байн рафтаанд. Ин нукта шаҳодати он аст, ки об барои инсоният ҳамеша – аз пайдоиши инсон то кунун ва дар оянда низ омили муҳимтарин маҳсуб гардида, асоси мавҷудияти инсону наботот ва ҳайвонот,  сарчашмаи ҳамаи ободиҳо, пешрафту саодати башарият ба шумор меравад.

Таъриху тамаддун, рушду пешрафт ва рисолату мавҷудияти халқу миллатҳои гуногун дар аксар мавридҳо маҳз бо руду дарёҳои азими минтақаҳои зисту иқоматашон сахт иртиботу вобастагӣ доранд. Чунончи, таъриху тамаддуни ҳиндро бе дарёи муқаддаси Гангу Брахмапудра, Миср (араб)-ро бе дарёи Нилу Даҷлаву Фурот, Россия (рус)-ро бе дарёи Волга, Иронро бе Омударё ва Сирдарё, қавму қабилаҳои Америкаи ҷанубиро бе дарёи Амазонка ва Америкаи Шимолиро бе дарёи Мисисиппи ва кулҳои Гудзону Онтарио, тамаддуни Чинро бе дарёи Хуанхе метавон тасаввур кард? Не, албатта!

Мо бояд шукргузор бошем, ки дар кишваре зиндагӣ дорем, ки сарчашмаи обҳои мусаффо, чашмаҳои софу зулол, сарманшаъи руду наҳрҳои пуртуғён мебошад. Худованд дар ин кишвари кӯҳсор хазинаи боэътимоду пурғановати захираҳои обиро дар шакли пиряхҳои сершумор ба вуҷуд овардааст, ки на танҳо заминҳои ин марзу бум, балки аксари манотиқи поёноби кишварҳои ҳамсоя – Узбекистон ва Туркменистонро низ шодоб мегардонад. Тоҷикистон аз рӯи захираҳои обӣ на танхо дар минтақа, балки дар ҷаҳон низ мақоми намоёнеро касб намудааст. Пешрафту тараққиёти рӯзмарраи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун як субъекти ҷомеаи ҷаҳонӣ аз бисёр омилҳо вобастагӣ дорад. Чунончи, обҳои сершумори Тоҷикистон захираи бузурги энергетикии минтақа мебошанд, аммо имконоти техникию технологӣ, зеҳнию маърифатии ҷомеаи Тоҷикистон барои роҳандозӣ намудану мавриди истифодаи самарабахш қарор додани онҳо бо маҳдудиятҳои муайяне рӯ ба рӯ  мебошад. Дар ин ҷода ҳамкорию дастгирии дастҷамъонаи ҳамаи кишварҳои минтақа ба хотири истифодаи босамари ин неъмати бебаҳо зарур мебошад. Аз ин рӯ, бо назардошти ба масъалаи мубрами рӯз табдил ёфтани норасоии об ва истифодаи босамари захираҳои оби тоза дар ҷаҳон татбиқу амалисозии ҳадафҳо ва мақсадҳои ниҳоии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», конференсияи сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар масири истифода ва баҳрабардории оқилона аз захираҳои об ҳамчун  асоси зиндагии инсонҳо ва рушди устувори иқтисодию иҷтимоӣ ва вусъати ҳамкориҳои мутақобилан судманди давлатҳо метавонад нақши калидиро иҷро намояд. Ҷустуҷӯ, интихоб ва амалисозии роҳу воситаҳо ва механизмҳои пурсамари ҳамкорӣ дар расидан ба идоракунии захираҳои обӣ яке аз вазифаҳои асосии конференсия мебошад. Равшан намудани самтҳои амал, ба вуҷуд овардани заминаи мустаҳкам ҷиҳати муколамаи сиёсии кишварҳои ҷаҳон барои истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ, идоракунии онҳо ба хотири рушди устувор, муайян кардани иқдомоти оянда аз мақсадҳои конференсияи сатҳи баланди байналмилалӣ оид ба «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» маҳсуб мегардад.

Аз ин ҷост, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии хеш бо умеду итминон изҳори боварӣ намуданд, ки «ин ҳамоиш ба фаъолияти пурвусъати Созмони Милали Муттаҳид дар самти ҷустуҷӯ ва ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти глобалии марбут ба истифода ва ҳифзи захираҳои об саҳифаи наверо зам хоҳад кард».

 Тибқи маълумоти расмии созмону ташкилотҳои байналмилалӣ дар ҳоли ҳозир беш аз 1 млрд. сокини сайёра аз дастрасӣ ба оби нӯшокӣ мушкилӣ мекашанд, 750 млн. нафар ба оби тозаи  ошомиданӣ дастрасӣ надоранд, ки дар навбати худ боиси ба касалиҳои гуногун мубтало ва марги миллионҳо одамон, бахусус, кудакон гардидааст. Мушкилӣ ва нигаронӣ дар он аст, ки ин раванд сол ба сол рӯ ба афзоиш дошта, то соли 2050 шумораи аҳолии минтақаҳои камоби ҷаҳон тибқи ҳисобҳо тахминан ба 5 млрд. нафар мерасад ва ин мушкилот проблемаи як кишвар ё як минтақаи алоҳида набуда, масъалаи доғи умумибашарӣ маҳсуб мегардад.  Маҳз муносибати оқилона ва эҳтиёткорона ба захираҳои об ҳамчун неъмати бебаҳо ва сабабу воситаи рушди устувор дар заминаи фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддии инсонҳову кишварҳо башариятро аз вартаи ногузири хавфу хатар ва норасоии об эмин медорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо талошу ибтикороти худ бори дигар собит намуд, ки пайваста дар ҳалли мушкилоти оби ошомидании аҳли башар саҳму талоши худро дареғ намедорад.

 Имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мушкилоти нав – тағйирёбии глобалии иқлими сайёра рӯ ба рӯ гардидааст, ки дар навбати худ ва пеш аз ҳама ба ҳаҷми захираҳои оби тоза ва сифати он таъсири манфӣ расонида, кишвару минтақаҳои  мухталифи оламро ба вазъи ташвишовари экологӣ дучор месозад. Аз ҷониби дигар, тамоюли афзоиши аҳолӣ ва ниёзмандӣ ба захираҳои об дар назди ҷомеаи башарӣ вазифаҳои нави маҷмуиро гузошта истодааст, ки боиси шиддат гирифтани муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун мегардад. Шиддати рақобат барои дастрасӣ ба захираҳои об дар чунин шароит боиси пайдо гардидани пайомадҳои манфӣ ҳатто дар дохили як кишвар ҳам шуда метавонад.

Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ қайд намуданд, «маҳз ҳамин ду омил – тағйирёбии глобалии иқлим ва афзоиши демографӣ – чаҳорчуба ва имконотро барои иқдомоти мо муайян хоҳанд кард» ва роҳи расидан ба ин ҳадафҳоро муайян намуданд, ки «дар маҷмуъ баланд бардоштани самаранокии истифодаи об, кам кардани ифлосшавии захираҳои он, истифодаи такрории онҳо ва таҳияи технологияҳои нави тавлиди оби тоза дар миқёси саноатӣ… аз ҷумлаи чунин масъалаҳо мебошанд ва дар ин самт мо ҳамкориамонро бо кишвару созмонҳои манфиатдор дар чаҳорчубаи Кумитаи байналмилалии роҳбарикунанда идома хоҳем дод».  Мардуми Тоҷикистон аз амалҳои дурандешонаву башардӯстонаи Президенти кишвар ва умеду эътиқоди ӯ дар хусуси он ки «Даҳсола ва механизми иҷрову назорати он барои ҳамоҳангсозӣ ва баланд бардоштани самаранокии чораҳои андешидашуда ва қадамҳо дар роҳи расидан ба идоракунии якҷояи захираҳои об заминаи муносибе ба вуҷуд хоҳад овард» пуштибонию дастгирӣ намуда, итминон доранд, ки роҳи пешгирифтаи Сарвари давлат самараи дилхоҳ хоҳад дод.

Вазъи ҷойгиршавии захираҳои обӣ ва истифодаи онҳо дар минтақаи Осиёи Марказӣ, нобаробарии ташаккулёбии ин захираҳо дар ин минтақа ва талаботи фарқкунандаи мамолики он ба обро, ки солҳо боз мавзӯи баҳсу мунозираҳо ва ихтилофот арзёбӣ мегардид, метавон намунаи возеҳи ҳамкории созанда дар сатҳи об ҳисоб намуд. Ҳамкорию ҳамгироии самаранок, одилона ва барои ҷонибҳо судманд дар соҳаи об тавонистааст ба омили таконбахши рушди муштараки кишварҳои ба як ҳавзаи умумии об пайваст табдил гардад.

Ҳамзамон табиат ҳар рӯз дар рӯ ба рӯи мо мушкилоту таҳдидҳои нав ба навро эҷод менамояд, ки аз ҳарвақта бештар муттаҳид сохтани талошҳо ва иқдомоти ҳамоҳангшударо тақозо менамояд. Боришоти ками имсола, ки муҷиби аз меъёрҳои миёна паст рафтани ҳаҷми оби дарёҳо ва аллакай дучори камобӣ гардидани кишвар мисоли равшани ин таҳдидҳо ба шумор меравад. Мушоҳидаҳои солҳои ахир нишон медиҳанд, ки ҳарорати ҳаво сол ба сол боло рафта, боиси афзоиши офатҳои табиӣ дар шакли обхезӣ, ярч, аз маҷрои худ баромадани оби дарёҳо, фаромадани селу тармаҳои харобиовар мегардад.  Ҳамзамон тайи чанд даҳсолаи охир аз байн рафтани даҳҳо километр пиряхҳои хурду миёна низ ба низоми экологии мамлакат таъсири манфии худро хоҳад расонид.

Тоҷикистон аз лиҳози таъминоти об ва дастрасӣ ба он мушкилоти умдае надорад, чунки ин табиати нотакрор ва ин кишвари кӯҳдоман бе ҳикмат офарида нашудааст. Ин кӯҳҳо сарчашмаи обҳои софу зулоланд ва қудрату нерӯи ободкориву зиндагибахш доранду барои саодату эҳтиёҷи инсонҳо эҳдо шудаанд. Бале, Тоҷикистон кишвари об аст ва об бақои зиндагӣ, сарчашмаи ободию ободонӣ аст, аммо он беинтиҳо ва беохир нест. Ва имрӯз дидани масрафи беҳудаву берабти оби тоза, ки аз бемасъулиятӣ ва саҳланкории одамон, бахусус кудакону ҷавонон дар кӯчаву хиёбонҳо, маҳалли зист, корхонаву муассисаҳо ба назар мерасад, нобахшиданист. Шароити имрӯза тақозо менамояд, ки ба об, чи оби ошомиданӣ ва чи оби ҷорӣ, тозаву покиза нигоҳ доштани он, сарфаю сарфакор будани ҳар фарди ҷомеа дар истифодаву истеъмоли он, қатъи назар аз синну сол, таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад. Тавре ки бузургон фармудаанд «талафи об талафи умр аст» ва аз ин рӯ дар партави даъвату гуфтаҳои Пешвои миллат роҳандозии таълиму тарбияи фарҳанги сарфакории об дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилотии кишвар амри воқеӣ ва зарурӣ маҳсуб мегардад, ки дар навбати худ барои пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳо мусоидат хоҳад кард. Моро зарур аст, ки шогирдонро тавре тарбия намоем, ки ободиву зебоии диёри хешро аз манфиатҳои барҷаста шуморида, ба қадри он расида тавонанд ва баҳри гул-гулшукуфоии кишвар, ҳимояи он аз ҳар гуна унсурҳои бегона ва беруна талош варзанд. Ба ин маънӣ, эҳтиёти оби руду дарёҳо, ҷӯю ҷӯйборҳо низ аз омилҳои равшану тавонои ватандӯстист. Шахсе, ки ватанашро дӯст медорад, ҳар як хонаву дар, ҳар ниҳолу дарахти онро низ азиз мешуморад.  Пас моро зарур аст, ки чораву тадбирҳои заруриро дар фарҳанги истеъмол ва истифодаи об, азизу мукаррам доштани он ҷустуҷӯ ва мавриди истифода қарор диҳем, ба қадри ин муъҷизаи беҳамто ва поку беолоиш бирасем.

Инак Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки ба нафъи тамоми сокинони сайёра аст, оғоз гардид ва он пойдевори муҳими воқеӣ барои мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои марбут ба об хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *