Обама ба Туркия дар ҷазо додани ташкилкардагони табаддулоти ноком кӯмак мекунад

Барак Обама, президент Амрико ба Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия рӯзи 4-уми сентябр дар ҳошияи нишасти G-20 дар Гуанҷови Чин мулоқот карданд. Обама гуфт, ки ҳимояи марзҳои Туркия бисёр муҳим аст, чунки маҳз аз ҳамон ҷо ҷангиёни эҳтимолӣ ба сафи нерӯҳои ифротии «Давлати исломӣ» дар Сурия мепайванданд.

Обама ҳамчунон изҳор доштааст, ки Туркия набояд ба танҳоӣ сарбории буҳрони паноҳандагони суриягиро ҳал кунад. Ин мулоқоти Обама ва Эрдуғон аввалин дидори онҳо пас аз кӯшиши табадуллоти давлатӣ дар тобистони имсол буд. Раисҷумҳури Амрико таъкид дошт, ки ӯ ин кӯшиши сарнагун кардани ҳокимиятро маҳкум кардааст ва бо Туркия дар амри ба ҷавобгарӣ кашидани онҳое, ки дар ташкили табаддулоти ноком даст доштанд, кӯмак хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *