Обанбори Норак пур шуд, маҳдудият мешавад ё не?
2 сентябри соли 2020, соати 24:00, обанбори Неругоҳи барқи обии «Норак»-манбаи асосии захираи гидроэнергетикии Тоҷикистон дар сатҳи максималӣ аз об пур шуд.
Дар ин бора сардори маркази матбуоти ШСКХ «Барқи тоҷик» Нозир Ёдгорӣ иттилоъ додааст.
Номбурда зикр кард, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Муроҷиатномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъу маҳдуд намудани интиқоли барқ ба ҷумҳуриҳои ҳамсоя, инчунин чорабиниҳои техникии роҳбарият ва мутахассисони ШСХК «Барқи Тоҷик» имконият фароҳам оварданд, ки барои истеҳсоли барқ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон дар обанбори асосии мамлакат ба қадри зарурӣ об захира карда шавад.
Аммо Нозир Ёдгорӣ нагуфтааст,ки маҳдудияти барқ,ки масъулин дар ин бора гуфта буданд,ҷорӣ мешавад ё не?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ