Обанбори Роғун дубора пур мешавад

Мақомоти нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабари оғози дубораи пуршавии обанборро тасдиқ карданд.

Мақомоти нерӯгоҳи барқи обии Роғун хабари оғози дубораи обгирии анборро тасдиқ карданд ва гуфтанд, ки баъди анҷоми пурраи таъмир ва санҷиши комили чархаи аввали нерӯгоҳ баландии об то ба 60 метр бардошта шуда, чархаи аввал дубора ба кор андохта хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки гуфта мешуд, об аз анбор «ба хотири таъмир ва санҷиши чархаи аввали нерӯгоҳ» ва таҳқиқи «обгузарондан»-и сарбанди обанбор сар дода шуд. Тибқи барнома ин ҳолат мебоист то 31-уми март анҷом меёфт, аммо тармим тӯл кашид ва сабаби қатъи барқ дар чандин минтақаи кишвар гардид.

Намояндагони ширкати итолиёвии “Имперҷилио Салинӣ” низ гуфтанд, ки соҳили рости сарбанд обанбор пурра таъмир шуда, муҳандиси ширкат ба оғози ҷамъоварии об дар обанбор иҷоза додааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ, дар девораи тарафи рости сарбанд полоиши об ба қайд гирифта шуд. Бо вуҷуди тасдиқи ин нукта, намояндаи ширкат нагуфт, оё гузариши об аз сарбанд мувофиқи меъёр буд ё зиёда аз он ва оё ин полоиш барои устувории сарбанд хатаре хоҳад дошт ё на?

Ду чархаи нахустини Роғун, ба таври муваққат насб шудаанд ва мувофиқи нақша қарор аст то соли 2021 барқ истеҳсол кунанд ва баъдан иваз карда шаванд. Чархаи якуми нерӯгоҳи барқи обии Роғун рӯзи 16-уми октябри соли 2018 ба истифода дода шуд.

Нерӯгоҳи Роғун 6 чарха хоҳад дошт ва дар сурати пурра ба кор даромаданаш солона то 17 миллиард киловатт-соат барқ тавлид хоҳад кард, ки ба қавли мақомот, на танҳо барои истифода дар дохили кишвар, балки барои содир кардан ба Афғонистону Покистон ҳам кофӣ хоҳад буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *