Оббозӣ барои бойбаччаҳо: Чаро дар Душанбе ҳавзи ройгони шиноварӣ нест?
Тобистони имсола хеле гарму тоқатфарсо омад. Дар тафси ҳаво хурду бузургро хумори оббозӣ мегирад, вале афсӯс, ки дар замони мо шиноварӣ шуғли хеле гарону миёншикан аст. Барои мисол дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе на ҳама имкон доранд, ки дар тафси тобистон машғули оббозӣ шаванд.
11 ҳавз ба 1 миллион аҳолӣ
Сокинони нисбатан калонсоли Душанбе имрӯзҳо кӯли комсомолро ба ҳасрат ёд мекунанд, зеро солҳои пеш онҳо метавонистанд, бемалол се моҳи тобистон он ҷо оббозиву истироҳат кунанд ва он ҳам ройгон. Қисми дигари сокинони Душанбе дар кӯли Варзоб шиноварӣ мекарданд, ки солҳои охир аз он ҳам бенасиб шуданд.
Душанбе яке аз шаҳрҳои сераҳолитарини кишвар мебошад. Феълан дар пойтахти Тоҷикистон барои тафреҳи сокинон боғҳои зиёд бунёд шуда, вале масъалаи ҳавзҳои шиноварӣ ҳамоно роҳи ҳали худро наёфтааст.
Тибқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар Душанбе ҳамагӣ 11 ҳавзи шиноварӣ амал мекунад.
“Делфин” ва “Обшорон” танҳо барои сарватмандон?
Аз миёни ҳавзҳои шиноварӣ ва аквопаркҳои Душанбе мо барои мисол ду ҳавзи шиноварии маъмулро интихоб кардем.
Дар аквапарки “Делфин” шароитҳо барои оббозӣ ва истироҳат мавҷуд аст, аммо нархи он ба ҳама сокинон дастрас нест. Барои мисол маблағи ин аквапарк барои кӯдакон 30-40 ва барои калонсолон 50- 85 сомонӣ (барои 4 соат) мебошад.
Аквопарки “Обшорон”, ки моҳи июли соли 2017 ба фаъолият оғоз кард нисбатан аз “Делфин” арзонтар аст. Ин маркази оббозӣ ва дилхушӣ бар ивази 20 сомонӣ ба кӯдакон ва 20-40 сомонӣ ба колонсолон хизмат мерасонад.
Гарчанде дар назари аввал нархи ин ҳавзҳо ва аквапаркҳо гарон ҳам набошанд, вале на ҳамаи сокинони пойтахт имкон доранд, ки аз хизматрасонии ин марказҳо истифода баранд.
Дар пойтахти кишвар, ки наздики 1 миллион аҳолӣ дорад, ҳавзҳои ройгони шиноварӣ мавҷуд нест…
Таҷрибаи Хуҷанд
Шаҳри Хуҷанд дар масъалаи оббозӣ ва шиноварии сокинонро пештар аз Душанбе ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон ҳал кардааст. Барои мисол дар маркази вилояти Суғд Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии ба номи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” фаъолият мекунад, ки нархи истифодаи назар ба Душанбе ба маротиб арзонтар аст. Ба замми ин дар Хуҷанд, барои сокинон дар соҳили чапи дарёи Сир маҳали ройгони оббозӣ мавҷуд аст, ки ҳудуди 300 метрро фаро мегирад ва дар як вақт дар ин макон 1000 нафар сокин метавонад оббозӣ ва истироҳат кунанд.
Айни ҳол дар кишвар 96 ҳавзи шиноварӣ, новобаста аз хусусияти моликиаш амал мекунанд. Ин албатта барои кишвари мо хеле кам мебошад. Ҳамин аст, ки сокинони кишвар дар каналу дарёҳо оббозӣ мекунанд ва ин боиси ҳодисаҳои нохуш низ мешавад. Ба иттилоъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 моҳи охири соли 2020 107 нафар ҷони худро аз даст додаанд.
Дар Душанбе, ки наздики 1 миллион аҳолӣ дорад, ҳамагӣ 11 ҳавзи шиноварӣ мавҷуд аст, ки ҳамаи он пулакӣ мебошад. Нархи ин марказҳои дилхушӣ ва оббозӣ ба аксари сокинони пойтахт дастрас нест.
Уғулой Қутбиддинзода
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ