Оббозӣ бо марги ноболиғу ҷароҳати ҷавон анҷомид
Бино ба маълумоти ВКД, рӯзи 26-уми июли соли 2017, тахминан соати 14:50-дақиқа, ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Конибодом ва ноболиғ, писарбачаи 16-солаи шаҳри мазкур ҳангоми оббозӣ кардан дар канали обгузари “Фарғона”, аз беэҳтиётӣ дастонашон ба ноқилҳои барқии насоси обкашӣ расидааст.
Дар натиҷа аз шиддати ҷараёни қувваи барқ ноболиғ, писарбачаи 16-сола ба ҳалокат расида, ҷавонписари 18-сола ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи ш.Конибодом бистарӣ гаштааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ