Обхезии шадид дар Анқараи Туркия (видео)
Борони сел дар пойтахти Туркия боиси обхезӣ шуда, истгоҳи метрое зери об монд. Дар ин бора Usak Gundem хабар медиҳад.
Бино ба гузориши шабакаи телевизионии ТРТ Ҳабер, кӯчаву хиёбонҳо ба кӯл табдил ёфта, мошинҳо зери об мондаанд. Дар баробари ин аз нисфирӯзӣ дар шаҳр борон шиддат гирифт.
Дар бораи талафоти ҷонӣ хабар дода нашудааст. Бар асари боришоти шадид, ки баъд аз зуҳри якшанбе дар Анқара шуруъ шуд, қисмате аз шаҳр зери об мондааст.
Гуфта мешавад, умқи оби ҷамъшуда дар кӯчаҳои шаҳр дар баъзе ҷойҳо ба 50 сантиметр расидааст. Қаблан идораи метеорологияи Туркия дар 20 музофоти ин кишвар ҳушдори “зард” эълон карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ