Дар Душанбе интиқоли об қатъ мешавад!
Бино ба қарори раиси шаҳри Душанбе,Маҳмадсаид Убайдуллоев барои корҳои таъмирӣ дар истгоҳҳои обтаъминкунӣ аз 27 октябр то 17-уми ноябр интиқоли об ба маҳаллаҳои пойтахт бо навбат қатъ карда мешавад.
ба ҳамин минвол аз сокинони кӯчаҳои зерин хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд:
1. Интиқоли об аз истгоҳи обтаъминкунии “Кофарниҳон” аз соати 22-00 рӯзи 26-уми октябр то соати 24-00-и рӯзи 27 октябри соли 2016 дар кӯчаҳои зерин қатъ мегардад:
-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65 кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик, Абдуллоев Нажмиддин;
-ноҳияи Шоҳмансур: кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебунисо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Мастонгулов, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ-аз бинои саристгоҳи роҳи оҳан то Меҳмонсаройи «Пойтахт» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши Фурудгоҳ, маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон, Комбинати коркарди чӯб.
2. Аз соати 22:00 рӯзи 2 ноябр то соати 24:00-и рӯзи 3 ноябри соли 2016 дар пайи корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обтаъминкунии “Ҷанубӣ-Ғарбӣ” интиқоли об ба кӯчаҳои зерини ноҳияи Фирдавсӣ ва Сино қатъ мешавад:
-ноҳияи Фирдавсӣ: маҳаллаҳои 43, 64, 65 ва кӯчаҳои Борбад, Фирдавсӣ;
-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона ва Ҳаёти нав, 11, 12, 13, 14, 15, 15А, 31, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев. Ханжин.
3. Ба далели корҳои таъмирӣ дар истгоҳи обтаъминкунии “Худҷореъ”, интиқоли об ба кӯчаҳои зерини ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ ва ноҳияи Шоҳмансур, аз соати 22-00 рӯзи 9 ноябр то соати 24-00 рӯзи 10 ноябри соли 2016 қатъ мегардад:
-ноҳияи И.Сомонӣ: маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;
-ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон
-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаи 1то 77; -ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Испечак 1,2, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол Қазоқон-1,2 ва Қарамиршикор, шаҳракҳои 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1, 2, Испечак 1, 2, Муҳандис ва кӯчаи Бобо Ҳамдам;
-ноҳияи Фирдавсӣ: кӯчаҳои Қаҳҳоров, Н.Қарабоев то хиёбони Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, маҳаллаҳои Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор, кӯчаи Миралӣ, 23, 24 ва Маркази истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе.
4. Интиқоли об ба маҳаллаҳои зерини ноҳияи Сино ва Исмоили Сомонӣ, ки аз истгоҳи обтозакунии “Фишорӣ” об мегиранд, аз соати 16-00-и 16-уми ноябр то соати 24-00-и 17 ноябри соли 2016 қатъ мегардад:
-ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дьяков, Боғи ҳайвоноти шаҳрӣ, Варзишгоҳи марказӣ, Кохи Наврӯз ва кӯчаи Варзишгарон;
-ноҳияи И.Сомонӣ: хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони И.Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин, Теҳрон.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ