Қобилҷони Зариф бобо шуд!
Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Қобилҷон Зарипов кайҳо дар дилу дидаи мардум маъво гирифтааст. Садои хушу дилнавози ин марди ҳунар бар қалбҳои ошиқон марҳам буда, савту навояш шунавандаро ба олами дигар мебарад. Ба олами ишқу муҳаббат ва сафову саодат. Қобилҷон бар замми ҳунарманди асил буданаш инсони олист-фурӯтану хоксор, меҳрубону дилсӯз ва матинирода. Қобилҷон марди сухан аст, ҳеҷ гоҳ ваъдахилофӣ намекунад, агар ба касе чизе ваъда кард, ҳатман ба қавлаш вафо мекунад, ҳамин хислатҳои некаш боис гаштаанд, ки дар ҷомеа соҳиби иззату эҳтиром бигардад.
Хушхабари бобо шудани ин ҳунарманди маҳбубро шунида, мо ба табрикаш шитофтем ва бо истифода аз фурсати қулай бо Қобилҷони Зариф суҳбати хотирмоне оростем. Инак, фишурдаи муҳовараамонро бо ин марди ҳунар пешкашатон месозем.
—Акои Қобилҷон, шунидем, ки бобо шудаед. Муборак бошад!
-Худоро шукр мекунам, ки писарам Комилҷон додо шуду ман бобо. Дуо мекунам, ки тифлаки зебояш пайрави касби бобову падараш гашта, фарзанди халқ ва номбардори миллат гардад.
—Набераро чӣ ном гузоштед?
-Умарҷон.
—Комилҷон бо оилааш алоҳида зиндагӣ мекунад ё ҳамроҳи шумо?
-Ману модараш мехоҳем, ки писарамон ҳамроҳи келин дар алоҳидагӣ зиндагияшонро идома диҳанд, вале Комилҷон мегӯяд, ки додо, ман зиндагиамро ҷудо намекунам, келин бояд хизмати шуморо кунад.
—Дар аксари оилаҳо ҳамин, ки келин аз дар даромад, ғурбату моҷаро сар мешавад…
-Хушбахтона дар оилаи мо чунин гапҳо нестанд. Келинам беҳтарин инсон аст, мо ӯро мисли фарзанди худамон дӯст медорем ва ҳамеша дуо мекунем, ки хушбахт бошанд. Хушбахтии онҳо барои мо як давлати бузург аст.
—Комилҷон пайрави касби падар гашт, писари хурдӣ чаро пешаи шуморо интихоб накард?
-Не, ӯ ҳам касби падарро интихоб кардааст. Айни ҳол дар мактаби мусиқии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ дар ихтисоси скрипканавозӣ таҳсил мекунад.
Беҳуда бузурге нафармудааст:
Гирди номи падар чӣ мегардӣ,
Падари хеш шав, агар мардӣ.
—Духтаратон пешаи сарояндагиро интихоб мекард, монеъ мегаштед?
-Не, зид намебаромадам. Дар интихоби касбу вазифа фарзандони ман ҳамеша озод буданд, вале духтарам худаш соҳибкор шудан хосту ба Донишгоҳи тиҷорат ҳуҷҷат супурд. Ҳоло донишҷӯи ин даргоҳ аст. Вай ҳам садои ширин дорад, баъзан дар хона барои дугонаҳояш замзама мекунад.
—Иди Наврӯзро дар куҷо истиқбол гирифтед?
-Дар ибтидои баҳори оламафрӯз дар шаҳри зебоманзари Панҷакент дар Рӯзи Модарон консерт додам. Дуои сафеди модаронро дар саҳна дида, оби чашмонам шашқатор шуд. Онҳо он қадар ба санъати банда мухлис будаанд, ки ногуфтанӣ. Суханҳои саршори меҳрашонро шунида аз шодӣ пару бол баровардам. Дар иди Наврӯз бошад, ба чандин минтақаҳои кишвар даъватӣ будам.
—Имрӯзҳо аз сарояндагон низ андоз талаб мекунанд. Қобилҷон ба давлат чӣ қадар андоз месупорад?
-Қурбонатон шавам, ин суолро дербоз интизор будам. Андоз бақои давлат аст, вале тӯйҳо мавсимӣ мешаванд. Кормандони мақомоти андоз, агар ҳамин чизро ба назар мегирифтанд, бисёр хуб мешуд. Шахсан ман ҳар моҳ 700 сомонӣ андоз месупорам. Азбаски дар фасли зимистону баҳор қариб, ки тӯй нест, маҷбур мешавам, ки маошамро бурда ба андоз супорам.
—Аз сарояндаҳои кӯчагӣ ҳам андоз меситонанд?
-Аниқашро намедонам, вале ба фикрам корди онҳо болои равған аст, касе пишакашонро пишт намегӯяд.
—«Захмае бояд, ки ҷони хуфта бархезад зи хоб» гуфтаанд, дар рушди шумо ҳамчун ҳунарманд саҳми кӣ бештар аст?
-Ман шукрона мекунам, ки аз шоҳсутунҳои санъати тоҷик дуо гирифта ба саҳна баромадам. Устод Зафар Нозим, Ҷурабек Муродов, Барно Исҳоқова ба ман дуо дода гуфта буданд: «Муваффақ бош, Қобилҷон». Бо дуои ҳамин пирони кор ман роҳи худро дар ҷодаи ҳунар ёфта, санъаткор шудам.
—Соли гузашта ҳамроҳи писаратон Комилҷон дар Филармония як барномаи бисёр аҷиби консертӣ барпо намуда будед. Имсол нияти консерт додан надоред?
-Дорем. Худо хоҳад, ба шарафи иди Ғалаба, рӯзи 9-уми май дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев ҳамроҳи писарам Комилҷон як шоми аҷиби шеъру тарона барпо хоҳем кард.
—Акои Қобилҷон, мабодо ба Шумо вазифаи директори Филармонияро пешниҳод намоянд, аз уҳдааш мебароед?
-Да номатон мурам, ҳамин гапа нагӯед! Роҳбари Филармония Афзалшоҳҷон санъаткори нотакрор, роҳбари масъулиятшиносу кордон ва инсони беҳтарин аст, ин вазифа ба ҳамон кас ҳалол бод!
—Суруди «Гулдухтари ҳисорӣ»-ро бисёр олӣ сурудаед. Ягон арӯси ҳисорӣ ёфтед-чӣ?
-Не, ман матни ин сурудро аз шоир Озари Ориф гирифтам. Магар марде, ки ҳамсарашро дӯст дошта, хонадор шудаааст, метавонад бо ягон бонуи дигар ишқварзӣ кунад?! Ҳаргиз не! Фарзандонамон аллакай баркамол бошанд ҳам, чароғи ишқи мо то ҳол фурузон аст. Дуо мекунам, ки ҷавонон бо чунин ишқ зиндагияшонро пойдор нигоҳ доранд.
—Мухлисони бадахшониатон аз он гила доранд, ки чаро Қобилҷон дар васфи мардуми Бадахшон ягон суруд намехонад…?
-Мардуми Бадахшон борҳо ба худи ман ҳам занг зада, ин хоҳишашонро расонида буданд, аз ҳамин хотир, як суруди хубе тайёр кардам бо номи «Гулдухтари Бадахшон». Худо хоҳад, рӯзҳои наздик ин тарона пешкаши мухлисони бадахшониам мегардад.
—Шаҳзоди Даврон қариб таги тарма монда буд. Шумо аз ин офати табиӣ ягон зарар надидед?
-Хушбахтона ҳамон шабу рӯзҳо ман ба Вилояти Суғд сафар надоштам. Ба наздикӣ аз Панҷакент омадам, роҳро аллакай пурра тоза кардаанд. Мардум акнун бемалол ба Хуҷанд рафта меоянд. Инро дида табъам болида гашт.
—Дар охири суҳбатамон мехостам таманнои шуморо ба мухлисонатон бидонам.
-Ба ҳама мардуми шарифи кишвар иди Наврӯз бори дигар муборак бошад. Наврӯз оғози соли нави мардуми мост. Бигзор ин сол ба хонадони ҳар як тоҷик файзу баракат биёрад. Дар ҳар хона тӯй бошаду мо тарабфизои мардум гардем. Омин!
Суҳбаторо: Рустам Азимӣ
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ