“Облава” ба мо аз … Афғонистон омадааст

Ҳайратовар аст, “облава” ҳам, ки дар даҳсолаи ахир сокинони Тоҷикистонро қимоб кардааст, “ихтироъ”-и афғонҳо будааст.

Маъмулан вақте сухан аз боби терроризм, экстремизм ё истеҳсолу қочоқи маводи мухаддир меравад беихтиёр ангушти ишорат ба сӯйи Афғонистон мешавад.  Ҳайратовар аст,   “облава” ҳам, ки дар даҳсолаи ахир сокинони Тоҷикистонро қимоб кардааст, “ихтироъ”-и афғонҳо будааст.

Ҷалб ва эҳзори Афғонистон

Ҷалби маҷбурӣ ба артиш ё ба қавли омм “облава” дар Тоҷикистон моли набуда ва дар солҳои ҳукумати коммунистии Бабрак Кормал  ва Муҳаммад Наҷибулло дар Афғонистон “облава” як амри маъмулии ҷалби ҷавонону мардони синни хидматӣ ба ҳисоб мерафт.

Нависандаи ин сатрҳо, ки дар солҳои 1982-1984 дар Афғонистон ба ҳайси тарҷумон фаъолият кардаам, худ шоҳиди ҳамин ҳодиса шуда будам.

Тарҷумонҳои Кумитаи марказии ҷавонони Афғонистон, ки беш аз 30 нафар ва ҳамагӣ зодагони Тоҷикистон буданд, дар вилоятҳои ин кишвар кору зиндагӣ карда ва моҳе як маротиба барои гузоришдиҳӣ аз фаъолияти худ ба Кобул-пойтахт меомаданд.

Он замон неруҳои давлатӣ ва шӯравӣ бо гурӯҳҳои муҷоҳидон саргарми набард буданд ва вазъи Кобул дар муқоиса ба вилоятҳои хеле амн буд. Бинобар дар Кобул мо имкон доштем ба хиёбону бозор равем ё дар ресторан ғизо хурем.

Дар моҳи сентябри соли 1983 банда дар хиёбони Кобул сайру гашт мекардам, мошини боркаш наздик шуду чанд сарбози мусаллаҳ фаромаданд ва бидуни ҳеч пурсишу суол маро ба мошин бор карда бурданд.

Дар дохили мошин мисли банда 8-10 нафар мардҳои нисбатан ҷавони ғайримусаллаҳ менишастанд. На фақат суол кардан, балки ҳатто лаб кушодан мумкин набуд.

Моро ба қароргоҳи низомиён ба канори шаҳри Кобул оварданд. Ба мо гуфтанд, ки “шуморо барои адои хидмати сарбозӣ ба Қандаҳор мефиристем”. Он замон дар вилояти Қандаҳор ҷангҳои шадид миёни неруҳои давлатӣ ва муҷоҳидон идома дошт ва ҳамарӯза аз талафоти калони сарбозони давлатӣ дар набардҳо хабарҳо мерасид.

Ҳарчанд ба афсарон мегуфтам, ки “афғон нестам тоҷикистонӣ ҳастам” ва ба забони русӣ суҳбат мекардам, бепарвоёна ҷавоб медоданд,ки “хориҷӣ нестӣ, русиро ҳама балан ҳастанд (медонанд)”.

Дар як ҳолати ногуворе қарор доштам. Санади расмие надоштам, то собит кунам, ки шаҳрванди Иттиҳоди Шӯравӣ ҳастам. Дар қароргоҳ майори артиши Афғонистон исми шахсони овардашударо менавишт, вақте навбати ман расид, пурсид, ки “аз куҷои Тоҷикистон мешавӣ?” Гуфтам: “Душанбе” “Аз кадом қисмати Душанбе?” Нишонии маҳали зистамро гуфтам. Ин майор се моҳ дар Душанбе дар давраҳои омӯзишӣ ширкат карда будааст, маро аз чанги ҷалби эҳзор ё “облава” наҷот дод.

Сипас, ин майор ба Кумитаи марказии ҷавонон хабар дод ва маро бурданд. Рӯзи дигар ба ҳамаи тарҷумонҳо санади расмӣ доданд-котиби сеюми Сафорати Иттиҳоди Шӯравӣ дар Афғонистон. Дигар мушкили “облава”-и афғониро надоштам.

“Облава”-и тоҷикӣ

Дар даҳсолаи ахир мавзӯъи ҷалби иҷбории ҷавонон ба артиш ё “облава” доғ ва расонаӣ шуд.

Бо оғози мавсими баҳорию тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ дар кӯчаю бозор кормандони ҳифзи ҳуқуқ ва масъулони комиссариатҳои ҳарбӣ бо мошинҳо ногаҳон пайдо шуда, ҷавононро дар васоити нақлиёти мусофирбар ё дар мавзеъҳои дигар дастгир карда ва ба маҳали нигаҳдории даъватшаванда мебаранд.

Мақомот зимни шарҳи ҳодисаҳои “облава” онро ба иҷро нашудани нақшаи даъват марбут мехонанд. Ҳарчанд  Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз қонуншиканиҳо ҳангоми ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ интиқод карда, дастур дода буд, ки ҷавононро аз роҳҳои ташвиқу тарғиб ба артиш ҷалб кунанд.

Вале ин вазъ ислоҳ нашуда ва дар мавсими ҷалби ҷавонон ба артиш дар расонаҳои мустақил ва шабакаҳои иҷтимоии Интернет хабару гузоришҳо ва наворҳои видеоӣ  пахш мешаванд.

Ахиран дар расонаҳои мустақил хабари мавриди “облава” қарор гирифтани хабарнигори Радиои Озодӣ дар шаҳри Кӯлоб мунташир гардид.

Рӯзи 10 май хабарнигор Маҳмудҷон Раҳматзодаро ба мошини “патрул” зӯран бор карда ва хостанд ба комиссариати ҳарбӣ баранд.

Дар миёни афроди боздошткунанда танҳо як нафар либоси миласа дошта, дигарон либоси мулкӣ дар бар доштаанд ва шаҳодатномаҳои худро нишон надодаанд.

Пас аз он, ки Раҳматзода хизмати артишро сипарӣ кардани худро собит кардааст, ӯро раҳо кардаанд.

Фаъолони ҳуқуқи башари Тоҷикистон ҷалби иҷборӣ ё ба истилоҳ “облава”-ро як амали ғайриқонунӣ хонда ва мегӯянд, ки беш аз сеяки наваскарон бо ҳамин усул ба артиш ҷалб мешаванд.

Масъулони комиссариатҳои ҳарбии кишвар борҳо таъкид доштанд, ки муҳоҷирати оммавии ҷавонони синни хизмати ҳарбӣ ба Русия ва Қазоқистон дар роҳи ҷалби муқаррарии ҷавонон ба артиш монеъ эҷод кардааст.

Чаро ҷавонон аз хизмати ҳарбӣ сарпечӣ мекунанд?

Бештари коршиносони масоили низомӣ ва фаъолони ҳуқуқи башари Тоҷикистон меҳтарсолорӣ ё ба истилоҳ “дедовшина”-ро яке аз омилҳое унвон мекунанд, ки обруи артишро паст карда ва ҷавоноро аз хизмат ваҳшатзада мекунад.

Яъне, наваскарон дар соли аввали хизмат аз ҷониби сарбозони калонсол лату кӯб ва шиканҷа мешаванд.

Тибқи гузориши Коалитсияи ҷомеаи шаҳрвандӣ алайҳи шиканҷаи Тоҷикистон, дар соли 2015 чаҳор сарбоз-Фирдавс Раҳматов, Акмал Давлатов, Мақсуд Носиров ва Абдуваҳҳоб Қаюмов  бинобар меҳтарсолорӣ ҷон бохтаанд.

Дар гузориш таъкидшудааст, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ аз ин амали номатлаб огоҳ ҳастанд, вале меҳтарсолориро навъи усул барои мустаҳкам кардани интизом дар миёни сарбозон медонанд ва барои решакан кардани он чораҳои лозимӣ намеандешанд.

Пурсарусадотарин ҳодисаи меҳтарсолорӣ дар қиболи Шаҳбол Мирзоеви 23-сола рух додааст. Соли 2014 фелдшер ва чанд низомии қисми ҳарбии 2026 ӯро шадидан лату кӯб карданд. Дар натиҷа, сутунмӯҳраи Шаҳбол шикаста ва муддати 5 соли ахир аз кати беморӣ хеста наметавонад.

Пас аз шикоятҳои зиёд додгоҳ мақомоти артиши кишварро вазифадор кард, ки ба хотири ҷуброни зарари ҷисмонию равонӣ  ба хонаводаи Шаҳбол маблағи 36,6 ҳазор сомонӣ пардохт кунад. Вале барои табобати Шаҳбол Мирзоев, хусусан барои ҷарроҳӣ дар шаҳри Маскав падари ӯ маҷбур шуд як қисми моликияташро фурӯшад.

Мушкили меҳтарсолорӣ дар артишҳои кишварҳои дигари пасошӯравӣ, бахусус, Русия ва Ӯзбекистон тақрибан ҳал шудааст. Дар ин ду кишвар хизмати ҳарбӣ 1 сол буда ва дар ин муддат тафовут миёни навхизмату кӯҳнахизмат камтар ба чашм мерасад.

Аз сӯи дигар, бар асоси хулосаи равонпизишкон, равобити телефонӣ бо хонавода барои бо муваффақият сипарӣ шудани хизмати аскарӣ кумак мекунад.  Масалан, дар артиши Русия сарбозон метавонанд ҳамарӯза пас аз хӯроки шом аз тариқи телефон бо аҳли хонаводаашон суҳбат кунанд.

Ҳамчунин, дар таблои қисмҳои ҳарбӣ рақами телефони додстонӣ навишта шудааст ва дар сурати рух додани шиканҷа ё лату кӯб сарбоз метавонад билофосила ба ин ниҳод шикоят кунад.

Дар Ӯзбекистон барои рафтан ба хизмат…. пора медиҳанд

Ба далели камбуди ҷойи кор ва имтиёзҳои зиёд пас аз хизмати аскарӣ падару модарон дар Ӯзбекистон талош мекунанд, фарзандонашонро ба артиш фиристанд. Дар баъзе ҳолатҳо ҳатто хонаводаҳо барои иҷрои ин амал ба комиссириатҳои ҳарбӣ то 300 доллар… пора медиҳанд.

Бино ба гузориши расонаи EurasiaNet, ҷавононе, ки хизмати сарбозиро адо кардаанд, соҳиби мақоми хосе мешаванд ва роҳҳо барои пайдо кардани кори муносиб дар ниҳодҳои давлатӣ боз мешавад.

Ҳамчунин, дар Ӯзбекистон танҳо пас аз адои хизмати аскарӣ имкони фаъолият дар ниҳодҳои қудратӣ, андоз ва гумрук  фароҳам мешавад.

Ин гуна  вазъият миёни ҷавонон барои хизмат дар артиш рақобат ба вуҷуд омадааст. Масалан, ҳар ҷавон бояд нормативи омодагии ҷисмонӣ ва имтиҳони рушди ақлониро супорад. Яъне, ҷавон дар канори ҷисман солим будан бояд забони ӯзбекӣ, таърихи Ӯзбекистон ва математикаро хуб донад.

Ҳамчунин, қади ҷавон на пасттар аз 170 сантиметр ва вазнаш на камтар аз 60 килограм бошад. Шахсоне, ки дар бадан татировка доранд, ба хизмати аскарӣ пазируфта намешаванд.

Шояд ба ҳамин далел бошад артиши Ӯзбекистон дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз нерумандтарин артиш ҳисоб ёфта ва дар феҳристи созмони байналмилалии Global Firepower дар  зинаи 39-ум ҷой гирифтааст.

Ҷойгоҳи артиши Тоҷикистон дар ин феҳрист дар миёни 126 кишвар дар зинаи 81-ум қарор дорад.

Чи бояд кард?

Мушкили “облава”-ро, ки солҳои сол обрӯи артиши Тоҷикистонро резонда ва ҷавонони синни хизматиро ба хориҷи кишвар гурезондааст, чи тавр ва аз кадом роҳҳои қонунӣ барҳам дод?

Пешниҳодҳо дар ин замина дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет, бахусус, “Фейсбук” зиёд аст.

Бисёриҳо ба Вазорати мудофиа маслиҳат додаанд, ки дар ин замина аз таҷрибаи кишварҳои ҳамсояи Осиёи Марказӣ ва пасошӯравӣ истифода кунад.

Аввал, бояд меҳтарсолорӣ ё “дедовшина”, ки ба обрӯю эътибори артиши миллӣ зарбаи ҷонкоҳ зада ва барои ҷавонон артишро як маҳали ваҳшатнок вонамуд мекунад, бояд билофосила аз байн бурда шавад.

Масалан, корбари “Фейсбук” бо номи Фарҳод пешниҳод кардааст, барои ин кор чун дар Русия ва Ӯзбекистон муддати хизмати аскарӣ дар Тоҷикистон як сол муқаррар шавад, то фосилаи муддати хизмат миёни аскарон набошад. Зеро ба эътиқоди ӯ, сарбозе, ки ҳамагӣ шаш моҳ хизмат кардааст, ҳеч гоҳ “дед” намешавад ва наваскаронро азият намекунад.

Ҳамчунин, пешниҳод шудааст, ки мақоми ҳуқуқии артиш ва сарбози хизматкарда боло бурда шуда ва ба ин гуна афрод барои кор дар ниҳодҳои қудратӣ  ва таҳсил дар донишгоҳҳо имтиёзҳо пешбинӣ шавад.

Аз сӯи дигар, танҳо ба ҷавононе, ки хизмати сарбозиро сипарӣ кардаанд, барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия ва Қазоқистон иҷоза дода шавад.

Муҳимтарин нукта- хизмати Ватан чун дар Исроил муқаддастарин вазифаи сокинони Тоҷикистон шуда ва танҳо фарзандони камбағалҳо нею ҳамаи ҷавонони Тоҷикистон ин вазифаро сарбаландона иҷро кунанд.

Бархе роҳандозии хизмати қарордодиро аз роҳҳои аслӣ барои ташкили артиши касбӣ ва неруманд арзёбӣ кардаанд. Вале бо назардошти вазъияти душвори иқтисодӣ дар Тоҷикистон  ба гумон аст, ки дар солҳои наздик артиши касбӣ дар ин кишвар ташкил шавад.

 Мардони Муҳаммад, хабарнигор.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *