«Облава» оғоз шуд

Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон дар бораи оғози мавсими даъвати баҳории ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ба хидмати ҳарбиро имзо кард. Даъвати ҷавонони аз 18 то 27-сола ба сафи нирӯҳои мусаллаҳ аз 1 апрел оғоз ёфта, то 31 май давом мекунад.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 март фармонро «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адонамудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” имзо кард.

Бар асоси ин фармон, бояд дар моҳҳои апрел-май онҳое, ки мӯҳлати хидматашон тамом шудааст, аз сафи артиш, нирӯҳои марзбонӣ, Горди миллӣ, қӯшунҳои дохилии марбут ба вазорати дохила, қӯшунҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, бригадаи посбонии идораи зиндонҳо ва баталйони ҳарбии кишоварзии Агентии таъминоти амволи махсус ҷавоб дода шавад.

Ҳамзамон аз 1 апрел то 31 май бояд ҷавонони соли таваллудашон 1990-1999 ҷои сарбозони ҷавобшударо пур кунанд. Дар фармони Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита гуфта мешавад: «Моҳҳои апрел-майи соли 2017 шаҳрвандони ҷинси марди то рӯзи даъват ба синни 18 расида, инчунин шаҳрвандони синни калонтари Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳуқуқи ба таъхир андохтани муҳлати даъват ё озод будан аз даъват ба хизмати ҳарбиро надоранд, барои хизмат даъват карда шаванд.”

Иҷрои ин фармон асосан ба вазорати мудофиа, раисони шаҳру ноҳияҳо ва раисони комиссияҳои даъват дар маҳалҳо супурда шуда, ҳамчунин аз вазорати тандурустӣ тақозо шудааст, ки «барои муоинаи назоратии тиббии даъватшавандагон табибону мутахассисони ботаҷрибаро сафарбар намояд.”

Эмомалӣ Раҳмон ҳамин тавр, аз вазорати фарҳанг, кумитаи ҷавонон ва кумитаи радио ва телевизион хостааст, то «омодагӣ ва рафти даъвати шаҳрвандонро ба хизмати ҳарбӣ ба таври васеъ инъикос намуда, хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон тарғибу ташвиқ намоянд.”

Даъват ба сафи нирӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду дафъа сурат мегирад. Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел то 31 май ва даъвати тирамоҳӣ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *