Мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон рӯзҳои наздик  дар ҷумҳурӣ ҳавои софи беборишро пешгӯӣ мена, аз 17 то 21 сентябр  дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҳавои софи бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво  рӯзона 1 дараҷа боло рафта, ба 38 дараҷа хоҳад расид.

Дар вилояти Суғд низ ҳавои камабри бебориш дар назар дошта шудааст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо 2-3 дараҷа поён рафта,  ба 33 дараҷа  хоҳад расид.

Дар шарқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво шабона аз 2 дараҷа хунук то ба 3 дараҷа гармӣ расида, рӯзона 14-19 дараҷаро ташкил хоҳад дод. Дар ғарби вилоят  ҳаво шабона 9-14, рӯзона 26-31 гарм мешавад.

Дар Душанбе  ҳавои тағйирёбандаи бебориш  дар назар буда, ҳаво 31- 36 дараҷа гарм мешавад.

Дар ноҳияҳои тобеи марказ  ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳӣ боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст. Ҳаво  рӯзона то 36 дараҷа гарм мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *