Обунаи иҷбории намозгузорон ба нашрияҳои расмӣ

Дар масҷидҳои Ӯзбекистон имомон аз намозгузорон талаб доранд, ки ба нашрияҳои расмӣ обуна шаванд. Ба гуфтаи яке аз имомҳои маҳаллӣ, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон дастур додааст, ки барои обуна шудан ба нашрияҳо аз намозгузорон маблағ ҷамъ кунанд.

«Аз мо талаб доранд, бо пардохти 30-60 ҳазор сӯмӣ (3-6 долларӣ) ба нашрияҳое обуна шавем, ки касе онҳоро намехонад. Ба гуфтаи имом, агар мо обуна нашавем, масҷиди моро хоҳанд баст», — мегӯяд як сокини ноҳияи Янгиюл бо номи Шарифҷон

Ба ҷуз ин, ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, намозгузоронро маҷбур доранд, ки китоби нави муфтии Ӯзбекистон Усмонхон Олимовро бо номи «Тафсири Ирфон» бар ивази 50 ҳазор сӯм (6,5 доллар) бихаранд.

«Медонам, ки ин китобро намехонам, вале маҷбур шудам, харам. Дар мо сокинон ба имомҳо гӯш медиҳанд ва бинобар ин, мақомот аз имомҳо истифода карда, сокинонро маҷбур месозанд, ки ба нашрия ва маҷаллаҳо обуна шаванд. Имомҳои мо вазифаҳои асосии худро гузошта, ба хаткашонӣ машғуланд», — мегӯяд Шарифҷон.

Имоми масҷиди «Эски қавунчӣ» дар Янгиюл Баҳодур Мадумаров тасдиқ кард, ки дар бораи обуна шудан ба нашрияҳо ва китоби нави муфтӣ бо намозгузорон суҳбат кардааст. «Вале ман танҳо тавсия додам», — афзуд ӯ.

Ба гуфтаи манобеъ, дар масҷидҳои дигари Ӯзбекистон низ маъракаи обунаи иҷборӣ ба нашрия ва маҷаллаҳои давлатӣ идома доранд. Як имоми шаҳри Хива гуфт, Идораи мусулмонони Ӯзбекистон онҳоро вазифадор кардааст, ки намозгузоронро барои обуна шудан ба нашрияҳои ҳукуматӣ даъват кунанд.

«Мо нақша дорем. Бояд 1 миллиону 300 ҳазор сӯм (ҳудуди 1600 доллар) пули обунаро ҷамъ кунем. Бинобар ин, ҳоло аз намозгузорон пул ҷамъоварӣ дорем. Агар ин маблағ камӣ кунад, маҷбурем, боқиро аз ҳисоби пулҳои хайриявӣ пардозем», — афзуд имом.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *