Обурдони Мастчоҳ: Додар акоро кушт

-Дар шафати ҳамин хона раҳматии писарам хона пӯшида истода буд. Ҳар рӯз ба куҷое, ки равад, аз пеши ман гузашта мерафт, вале он рӯз гӯё аҷал пеш-пеш карда бошад, аз дарвозаи чап, ки байни хонаҳои ӯ ва ҳамсоя аст, баромада рафтааст.

Қарибиҳои нисфирӯзӣ писари хоҳари занам занг зада гуфт, ки дар пеши хонаи Фарҳод ҷангу ҷанҷол рафта истодааст. Маро гӯё барқ зада бошад, аввал дар ҷоям шах шудам, баъд ба худ омада, дав-давон ба хонаи писарам рафтам, вале аллакай дер шуда буд. Вақте ки он манзараи хунинро дидам, ҳуш аз сарам парид. Фарҳод дар як дасташ корд, дасти дигарашро мушт карда, сахт-сахт ба сараш мезад. Вақте ба ӯ дод гуфтам, ки “Фарҳод, ин чӣ кори кардаат буд, охир акаатро куштӣ” мисли девонаҳои аз худ бе худ пичиррос зада гуфт: “Шумо чӣ гуфтед, ман акаи худамро куштам? Ман дигар ҳуқуқи зиндагӣ кардан надорам! Наход ман қотили акаи худам шуда бошам…” Писарам мушт бар сар зада, ҳазён мегуфту дили ҷигари ман бештар хун мешуд…
(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

Севинч Муъминова аз шавҳараш ҷудо шуд?

Овозаи гӯшхароши “сарояндаи машҳури ӯзбек Севинч Муъминова аз шавҳараш ҷудо шудааст” чанд рӯз боз вирди забони хурду калон буда, ҳар кас онро ба таври худаш шарҳ медиҳад.

Яке мегӯяд, ки Севинчро барои хиёнат карданаш шавҳараш талоқ додааст, дигарӣ баръакс Шарофро гунаҳкор менамояд, ки думболи як зани дигарро гирифта, ҳамсар ва фарзандонашро пушти по задааст, саввумӣ бар он андеша аст, ки ин ҷуфти зебо аз пушти як гапи дурӯғ хонавайрон шудаанд. Баъзе ғайбатчиҳо ҳатто миш-миш мекунанд, ки барқасди шавҳари бевафояш Севинч аллакай ба яке аз ҷӯраҳои наздиктарини Шароф муносибатҳои ошиқона барқарор намудааст, то ки ӯро сӯзонад….

(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

 Марде, ки бо мурдаҳо гап мезанад
Шамшере, ки пардаи байни ду оламро медарад

 

     Александр Шепс ҳангоми озмоишҳо аз чӯбдаст, тӯмори «косахонаи сари гург», шамъ, гӯгирд, корд, хоки қабристон ва тангаву чизҳои дигар истифода мебарад, вале қабл аз он ки қобилияти худро нишон диҳад, ҳатман мисли қаҳрамонҳои афсонавӣ шамшери тезеро ба ҳар тараф алвонҷ медиҳад. Бисёриҳо ба маънии ин амали медиум сарфаҳм намераванд, вале ба гуфти худи Александр вай бо ин шамшери сеҳрнок пардаи ноаёнеро, ки олами моро аз олами ғайб ҷудо мекунад, дарронда вориди дунёи руҳу арвоҳҳо мешавад ва бо мурдагон суҳбат меорояд.

(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

             Холаи қотил

          Чаро Гулсун фарзанди апаашро кушт?

 Беихтиёр дар пеши чашмонам манзараи нангине намудор гашт, ки бачаи ҳаромӣ зоидани апаамро ҳаққу ҳамсояҳо фаҳмида ба ҳоли мо механданд ва падарам дар сари қаҳр модарамро се талоқ карда, сарашро гирифта аз деҳа баромада меравад. Гоҳи дигар ҷасади дар расан овезони модарам дар пеши назарам намоён мегашт, ки ба ин шармандагӣ тоб наоварда, дар оғили говҳо худкушӣ кардааст. Як дам дар олами хаёл медидам, ки чӣ тавр апаам худашро ба дарё партофта истодаасту лаҳзаи дигар симои бародаронам пеши рӯям меомад, ки ҷӯраҳояшон бо ангушт ба сӯйи онҳо ишора доранд ва масхаракунон ба ҳолашон механданд…

Ин манзараҳои ҳузнангез маро девона карданд. Ҳарчи бодо бод гӯён, кӯдакро дар болои санг мондам ва ба атроф нигаристам. Каме дуртар санги калони теғадор истода буд. Беихтиёр ҳамон сангро аз замин бардоштам ва дубора болои сари тифли бегуноҳ омадам.

(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

 

 

 

 

ХУДКУШИИ МОДАРУ ДУХТАР ДАР ИСТАРАВШАН

Хонаводаи Шокировҳо бо меҳнати сангини хиштрезӣ зиндагии худро пеш мебурданд.

Аҳли ин оила ҳар тобистон то 30 ҳазор хишт рехта, асосан аз ҳисоби фурӯши ҳамин маҳсули дасти худ зиндагиашонро таъмин мекардаанд. Шукрона қабл аз худро ба дор овехтан номаи пеш аз марг навишта, дар як ҷои намоён гузоштааст. Ӯ дар номааш навиштааст, ки укоҳоям дар ин хона наистанд, азоб дар ин хона зиёд аст…

Ҳамсояҳо мегӯянд, Фарида – модари Шукрона як зани озодакору кадбону буд ва аз ӯ тавсиф мекунанд, ки бо вуҷуди рӯзгори сахт ва дасти кӯтоҳ доштан манзилашро ҳамеша озода нигоҳ медошт ва ҳама ҳавлиро гулу гулзор карда буд. Ҳамсояҳо дар суҳбат бо «Ахбор” гуфтанд, то ҳол намефаҳманд ва ақлашон ҳеҷ намегирад, ки ин зан чаро худкушӣ кард? Худкушии духтари ӯ Шукронаро низ ҳамсояҳо як кори боварнокарданӣ меноманд…

(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

Ба Ҳаҷ рафтани кӯдакон равост?

Фарз кардем, ки падар ё модар ҳангоми зиёрати Каъба фарзанди хурдсоли худро ҳамроҳ мегирад, аммо амалҳоеро, ки бар ҳоҷиён иҷро карданаш шарт аст, кӯдак ба ҷо оварда наметавонад. Дар ин ҳолат чӣ бояд кард?

Ҳаҷҷи кӯдакон бештар ҷанбаи таълимӣ дорад. Кӯдак, агар дар бастани эҳром ва ба ҷо овардани аъмоли ҳаҷ ба чизе сарфаҳм нарафт, падар, модар ё шахси дигари наздикаш, ки ӯро ҳамроҳи худ ба зиёрати хонаи Худо бурдааст, бояд ба вай омӯзонад, яъне ёд диҳад. Мабодо кӯдак амалеро анҷом дода натавонад, ҳамон сарпарасти болиғаш метавонад он амалро ба ҷойи ӯ ба анҷом расонад.

Ноболиғ мустақилона он амалҳоро  иҷро карда ба хатогӣ роҳ диҳад, дар ин маврид кӣ гунаҳкор мешавад: кӯдак ё касе, ки ӯро ҳамроҳаш ба Ҳаҷ бурдааст….

(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

 

«Фигура»-и зан чӣ мегӯяд?

 Бонувоне, ки тарҳи бадани «секунҷашакл» доранд, маъмулан синаҳои калон, миёни борик ва сурини хурд доранд.

Чунин тарҳи баданро беқолиб гуфтан мумкин аст, вале ин тоифаи бонувон бештар диққати мардонро ба худ ҷалб месозанд. Равғани зиёдатӣ аксаран дар мавзеи миёни бонувони секунҷатарҳ пайдо мешавад. Зани чунин «фигура»-и дилфиреб дошта зоҳиран мағруру ҳавобаланд менамояд, вале ба таваҷҷуҳ ва меҳрубонӣ ниёз дорад. Хонуме, ки Худованд чунин пайкари нозукро насибаш гардонидааст, ҳамеша гули сари сабади маҳфили ёру дӯстонаш аст. Камбудии ягонаи ин тоифаи занҳо дар он аст, ки худро аз дигарон як сару гардан боло мегиранд. Назари ин зан ҳар касро намегирад ва кӯшиш мекунад, ки ба марди беҳтарин ба шавҳар барояд, рафту шоҳзодаи орзуҳояшро наёбад, умрашро танҳо сарфи касбу кор хоҳад кард. Нисбати шавҳар талаботаш сахт аст, агар мард чизи мехостаашро сари вақт ҳозир карда натавонад, хокашро бо ғалбер мебезад.

(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

Дар оғӯши кампир мемирам

Ростӣ, маъшуқаам пир бошад ҳам, дар бистар аз духтари 18-сола монданӣ надорад. Ба худаш ҳамеша аҳамият медиҳад ва мудом тозаю озодаю хушбӯй аст. Ба оғӯши ӯ даромада, ман оламу одамро фаромӯш месозам. Пинҳон намекунам, ин зани бо бибиам баробарро сахт дӯст медорам. Маҷнунвор дӯсташ медорам ва тайёрам, ки ҷонамро барояш қурбон намоям.

Бо шарофати маъшуқаи солхӯрдаам мисли бойбачаҳо зиндагӣ мекунам. Дар дастам телефонҳои қиматбаҳо, дар таги поям мошин, гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшам….

(Идомааш дар шумораи № 29-и ҳафтаномаи “Оила”)

 

 

Барои дастрас намудани «Оила» ба рақамҳои 918-63-31-63 дар иртибот бошед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *