Қочоқи 336 кг моҳӣ

Муносибат ба табиат, хусусан  бо олами ҳайвоноту наботот, аз ҳар сокини кишвар масъулияти баландро такозо мекунад. Зеро ҳаёти инсон ба табиат вобастагии зич дошта, покиза нигоҳ доштани фазои экологӣ ва хифзи ҳайвоноту набототи нодир вазифаи ҷонии ҳар шаҳрванд мебошад.

Дар ин росто, ҳафтаи равон кормандони шуъбаи милитсия оид ба масъалаҳои экологии ВКД ҳангоми хизматбарӣ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозии пойтахт, мошини тамғаи «Мерседес Бенс”, рақами қайди давлатиаш 78 41 РР 02-ро, ки таҳти идораи шаҳрванд Умаров Салимҷон, соли таваллудаш 1985, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров карор дошт, боздоштанд. Ҳангоми азназаргузаронии дохили мошин муайян гардид, ки ронанда дар зери дигар анвои хӯрока 336 кг моҳиро ғайриқонунӣ аз вилояти Суғд ба шаҳри Душанбе интиқол дода, мехост дар пойтахт ба фурӯш барорад.

Чунин ҳуқуқвайронкунии Умаров Салимҷон аз ҷониби кормандони милитсияи экологӣ ошкор гардида, аз ӯ 336 кг моҳӣ мусодира гардид ва нисбаташ протоколи маъмурӣ тартиб дода шуд

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *