Қочоқи дору боздошт шуд

Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 14 август хабар дод, ки аз қочоқи маводи доруворӣ аз Тоҷикистон ба ин кишвар пешгирӣ кард.

Доруҳои қочоқӣ дар ҳоле ошкор шуд, ки мақомот микроавтобуси «Мерседес-Бентс Спринтер-311»-ро дар ҳудуди деҳаи Қизил-Жоли ноҳияи Бодканд манъ карданд. Мошин ба сокини ноҳияи Лайлаки ин кишвар таалуқ дошт. Ҳангоми бозҷӯӣ аз дохили мошин 46 баста, аз ҷумла 5 ҳазор қуттӣ стрептотсид, 1 ҳазору 100 қуттӣ линкомитсин ва 400 қуттӣ амарили макони истеҳсолаш номаълум ошкор шуд.

Мавод аз Тоҷикистон ба Қирғизистон бидуни пардохти боҷи гумрукӣ ва иҷозатномаи Вазорати тандурустии ин кишвар ворид шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон дар робита ба ин ҳодиса бо банди «Қочоқ» парвандаи ҷиноӣ боз кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *