Дэниэл бори ҳафтум аст, ки ба китоби рекордҳои Гиннесс ворид гаштааст. Кореро, ки ин ҷавон бо ҷисми худ ба анҷом мерасонад, такор намудан имконнопазир аст. Дэниэл бо осонӣ аз дохили ракеткаи теннисбозӣ гузашта метавонад ва бемалол дар даруни ҷевончаи назди кати хоб-тумбочка ҷой мегирад. Ҳар як устухони ҷисмашро Дэниэл метавонад комилан ҷойгардон намояд, вай ҳатто дилашро дар қафаси сина ба ҳар тараф бурда метавонад. Ҳанӯз дар синни 18-солагӣ ӯ аз хонаашон гурехта, ба як гурӯҳ кормандони сирк пайваст. Имрӯз ин ҷавонмарди «резинӣ» бо шарофати қобилиятҳои нодираш соҳиби ному нон гашааст.

 

Кӯдаки 8- килограмма

Санаи 14-уми июли соли равон дар вилояти Хатлон, дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб тифле ба дунё омадааст, ки 8 кг вазн дорад. Модари серфарзанд Таҳмина Одинаева бо роҳи ҷарроҳии чоки қайсар писарчаи вазнаш 8 кг ва қадаш 60 см ба дунё овардааст. Тавре момодояҳо мегӯянд, вазни ин тифли навзод ба вазни кӯдаки 4-сола баробар аст. Рӯзҳои аввали баъди таваллуд тифлак мустақилона нафас кашида наметавонист, вале баъди чанд рӯз вазнаш то 7,2 кг кам шуда, ҳолаташ рӯ ба беҳбудӣ овард. Дар оилаи Одинаевҳо ин бачаи паҳлавон фарзанди чорум аст.

 

Духтарчаи 4,5 килограмма

Ин духтарчаи хурдакак дар Бритониёи кабир умр ба сар мебарад. Дарозии қади духтарак 68 сантиметр ва вазнаш 4,5 килограмм аст. Шарлотта Гарсайд мисли дигар кӯдакон бозичаҳоро дӯст медорад, вале аз аксари бозичаҳояш қади паст дорад. Гирифторони беморие, ки Шарлотта дорад, дар тамоми дунё аз сад нафар камтаранд. Айни замон дарозии қади духтарча аз норма ду баробар камтар аст ва табибон намедонанд, ки дар оянда афзоиш меёбад ё не.

 

Марди морбоз

Устоди кунг-фу думи мори мурдаро аз сӯрохии бинӣ ва даҳонаш гузаронида, тавассути пилки чашмонаш сатили обдорро бардошта метавонад. Ин марди хитоӣ дар ин ҳолат то 360 дараҷа тоб хӯрда, ҳатто як қатра оби сатилҳоро намерезонад. Дар як сабти видеоӣ ин устоди кунг-фу У Сун мори заҳрнокро аз сӯрохии бинияш андохта, аз даҳонаш баровард. Ба назар чунин мерасид, ки ҳамин ҳоло аз заҳри мор мемирад ё дилбеҳузур гашта қай мекунад, вале мард худро ба даст гирифта намоишро муваффақона ба охир расонд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *