Одамкушӣ барои собун дар Душанбе (видео)

Диловаршо Шомиров, сокини 27 – солаи  Душанбе, ки маргаш қаблан табии унвон мешуд дар пайи таҳқиқоти иловагӣ муайян гардид, ки ӯро ҳамкораш барои собун куштааст. Дар ин бора “Спудник” дар такя ба дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Манбаъ афзуд, ки дар пайи хусумати доштаашон шоми 22 март миёни Абдулмумин Халилови 31-сола ва Диловаршо Шомиров занозанӣ рух додааст. Халилов дар навор мегӯяд, ин занозании як ба як бо даъвати Шомиров рух дода, нахустин зарбаро низ марҳум задааст. Ба гузориши мақомот, Шомиров бо як зарбаи Халилов ба ҳалокат расидааст.

Қаблан раёсати умури дохилии Душанбе марги Шомировро, ки акси ҷасадаш чанд рӯз дар шабакаҳои интернетӣ мечархид, табиӣ унвон карда, дар пайи таҳқиқи иловагӣ изҳор дошт, ки он дар пайи занозанӣ бо ҳамкораш рух додааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан алайҳи Халилов бо иттиҳоми расондани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки аз беэҳтиётӣ бо марг анҷомидааст, парванда оғоз карда, тафтиш идома дорад.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *