Одамон чӣ тавр ба ғуломӣ меафтанд?

Фирӯза Сатторӣ

  1. Савдои одамон дар асри ХХ1-аз афсона то ҳақиқат!
  2. Киҳо бештар ба доми ғуломӣ гирифтор мешаванд?
  3. Ба қурбониёни савдои одамон чи ваъдаҳо медиҳанд?
  4. Намудҳои ғуломӣ
  5. Чи бояд кард, то ки ба ғуломӣ гирифтор нашавед?
  6. Ташкилотҳое, ки ба имдоди қурбониёни савдои одамон мерасанд

 Савдои одамон дар асри ХХ1: аз афсона то ҳақиқат!

 Аксари одамон гумон мекунанд, ки ғуломдорӣ фақат дар давраҳои қадим вуҷуд дошт ва Одинаю Арбоб-Камол маҳсули тахаюли нависанда буда, имрӯз касе наметавонад шахси дигарро ба худ ғулом намояд, вале мутаассифона дар асри ХХ1 низ ғуломдорӣ вуҷуд дорад. Созмони Австралиягии WalkFreeFoundation дар мавзӯи савдои одамон дар замони муосир тадқиқоти бузургеро анҷом дода, исбот кардааст, ки имрӯз дар сайёраи Замин беш аз 40 миллион одамон дар ҳоли ғуломӣ умр ба сар мебаранд ва танҳо дар 10 соли охир беш аз ним миллон занону духтарон ба ғуломии шаҳвонӣ гирифтор гаштаанд.

 Киҳо бештар ба доми ғуломӣ меафтанд?

Хатари афтодан ба доми ғуломӣ бештар ба занону духтарони ҷавон, одамони бе кор ва бехонаву бенаво (бомжҳо), шахсони камбизоат, кӯдакон, ноболиғон ва муҳоҷирони меҳнатӣ таҳдид менамояд, зеро ин тоифа қишри осебпазири ҷомеа ба шумор рафта, аксаран савди кофӣ надоранд ва аз ҳуқуқҳои худ дифоъ карда наметавонанд, вале ин чунин маъно надорад, ки дигарон дар амон ҳастанд. Бо мушкили савдои одамон дар ҷаҳони муосир, ки хеле пуртаззод аст, ҳар як шахс рӯ ба рӯ гашта метавонад. Роҳи беҳтарини мубориза бо савдои одамон доштани иттилоти зарурӣ дар ин мавзӯъ мебошад.

 Ба қурбониёни савдои одамон чиҳо ваъда медиҳанд?

Шахсоне, ки бо савдои одамон сару кор доранд, бо ваъдаҳои осмонӣ қурбониёнро фирефта месозанд. Ба хотири ба дом афкандани сайди худ онҳо ба қурбониён дар хориҷи кишвар кори сердаромад ваъда медиҳанд ва аз ҳисоби худашон чиптаи ҳавопаймо мехаранд, аммо меҳрубониҳои чунин “дӯстон” бе тамаъ набуда, ваъдаи пули калон танҳо қапқон аст. Пас аз он ки ба ҷойи таъиншуда расиданд, бо баҳонаҳои гуногун шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои қурбониро аз дасташ мегиранд ва чеҳраи аслиашонро нишон дода, ӯро ба корҳое маҷбур месозанд, ки хилофи майлу хоҳишаш мебошад, масалан ба фоҳишагӣ маҷбур мекунанд ё ӯро ба ғуломи меҳнатӣ табдил дода, ҳар рӯз 10-12 соат кор фармуда, музди меҳнаташро намедиҳанд. Ҳамин тавр шахс озодии худро аз даст дода, ба ғуломи ҳақиқӣ табдил меёбад.

                 Намудҳои ғуломӣ

Ғуломӣ намудҳои гуногун дорад ва шахсоне, ки бо савдои одамон сару кор доранд, сайди худро бераҳмона истисмор менамоянд.

Намудҳои асосии ғуломӣ инҳоянд:

  1. Ғуломии шаҳвонӣ
  2. Ғуломии меҳнатӣ
  3. Маҷюбур кардан ба гадоӣ ва талбандагӣ
  4. Рабудани шахс бо мақсади трансплантатсияи узвҳои инсон
  5. Зӯран бо роҳи сунъӣ ё табиӣ ҳомиладор кардани зан бо мақсади минбаъд гирифтани тифли ба дунё овардааш. (Сурагатное материнство)

 Акнун дар бораи ҳар як навъи ғуломӣ ба шумо каме маълумот медиҳем.

Ғуломии шаҳвонӣ — ба ин намуди ғуломӣ бештар занону духтарони ҷавону зебо гирифтор мешаванд. Одамфурӯшон занону духтарони содаву зудбоварро бо ваъдаи кори осон ва сердаромад (машшотагӣ, маҳсгарӣ, кор кардан ба сифати пешхизмати тарабхона, кор дар меҳмонхона ва ғайра) ба давлатҳои хориҷӣ, бештар ба Туркия ва Аморати Муттаҳидаи Араб бурда, ба ғуломи шаҳвонӣ табдил медиҳанд ва маҷбур месозанд, ки бар ивази маблағи муайян бо мардони зиёде алоқаи ҷинсӣ намоянд. Маблағи аз танфурӯшӣ ба даст овардаи қурбониёнро аз дасташон кашида мегиранд ва озодии онҳоро маҳдуд менамоянд.

Дар сурати мухолифат намудан барои тарсонидани қурбонӣ ӯро бераҳмона лату кӯб мекунанд ва таҳдид менамоянд, ки ба наздиконаш зарар мерасонанд ё ӯро несту нобуд месозанд.

Ғуломии меҳнатӣ — ба ин намуди ғуломӣ бештар мардону занони ҷавону пурқувват ва муҳоҷирони меҳнатӣ гирифтор мешаванд. Шахси ба ғуломии меҳнатӣ гирифтор гаштаро хилофи хоҳиш ва майлу иродааш зӯран кор фармуда, музди меҳнаташро қисман ё пурра намедиҳанд ва ё ба ҷойи 8 соати ваъдагӣ 12-13 соат кор фармуда, ҳуқуқҳои меҳнатии ӯро поймол месозанд.

Маҷбур кардан ба гадоӣ ва талбандагӣ — ба ин намуди ғуломӣ бештар одамони имконияташон маҳдуд-маъюбон, шахсони дармондаи бекасу бенаво (бомжҳо) ва кӯдакон гирифтор гашта, онҳоро бо мақсади ба даст овардани пули муфт зӯран ба гадоию талбандагӣ маҷбур менамоянд.

Рабудани шахс бо мақсади трансплантатсияи узвҳои инсон — бештар кӯдакони хурдсол, одамони нуқсонҳои ақлонӣ дошта ва бомжҳо ба ин намуди ғуломӣ гирифтор мешаванд. Шахсоне, ки бо тиҷорати сиёҳи узвҳои одамӣ машғул ҳастанд, аксаран қурбониёни худро дуздида, ба ҷойҳои махсус мебаранд ва бо роҳи мадҳушсозӣ бо мақсади минбаъд бо нархи калон фурӯхтан гурда, ҷигар ва дигар узвҳои дохилашонро мегиранд.

Зӯран бо роҳи сунъӣ ё табиӣ ҳомиладор кардани зан бо мақсади минбаъд гирифтани тифли ба дунё овардааш (Сурагатное материнство) — ба ин намуди ғуломӣ танҳо занони ҷавон ва солими қобилияти таваллудкунӣ дошта гирифтор шуда, онҳоро бо мақсади ба дунё овардани тифл мерабоянд. Озодии зан маҳдуд карда мешавад ва ӯро ғайри хоҳиш ва иродааш зӯран бо роҳи табиӣ ё сунъӣ (ЭКО) ҳомиладор сохта, баъди ба дунё омадани тифл кӯдакро аз дасташ кашида мегиранд ва бар ивази маблағи калон ба оилаҳои сарватманди бе фарзанд мефурӯшанд.

Чӣ бояд кард, то ки ба ғуломӣ гирифтор нашавед?

Афтодан ба савдои одамон хатари хеле ҷиддӣ буда, сарфи назар аз синну сол, касбу кор ва ақлу донишу ҷаҳонбиниаш ҳар як инсон метавонад ба ин ё он намуди ғуломӣ гирифтор гардад. Барои он ки ба доми шахсони бо савдои одамон сару кор дошта наафтед, ҳатман ба қоидаҳои зерин риоя намоед:

  1. Аз қабул кардани пешниҳодҳои ҷолиби одамони ношинос ва ҳатто шиносҳои худ дар бораи кори осон ва сердаромад дар хориҷи кишвар, таҳсил дар мамолики хориҷӣ бидуни гузаштан аз санҷишу имтиҳонот ва ё никоҳ бо арӯс ё домоди хориҷие, ки дар борааш чизе намедонед ё танҳо тариқи интернет ҳамроҳаш сӯҳбат кардаед, худдорӣ намоед, зеро ин метавонад танҳо як дом барои шуморо ғуломи худ сохтан бошад.
  2. Ба эълонҳои гуногуни дар рӯзномаву маҷаллаҳо чоп шаванда, ки ба духтарони ҷавону зебо ва ҷавонмардони пурқувват бар ивази кор дар кошонаи ҳусн, маҳсгарӣ, парастории бемор, нигоҳубини кӯдак, ғунучини меваю сабзавот ва ба ҳамин монанд корҳои хеле осон дар мамолики хориҷӣ пули хеле калон ваъда медиҳанд, дода нашавед, зеро аксаран чунин эълонҳоро ҳадафмандона-бо мақсади ба дом афкандани шахсони зудбоваре, ки мушкилоти зиёди иқтисодӣ доранд ва гумон мекунанд, ки ба хориҷи кишвар сафар намуда ба биҳишт меафтанд, чоп мекунанд.
  3. Тариқи ягон ширкати сайёҳӣ, агентии бо кор таъминкунӣ ё никоҳӣ (Брачное агентство) ба хориҷа сафар карданӣ бошед, қаблан санҷед, ки ширкати мазкур дар доираи қонун амал мекунад ё не. Барои ин дар қадами аввал шумо метавонед номи юридикии ширкат ва брендеро, ки таҳти он фаъолият менамояд, ба интернет ворид намуда, дар борааш маълумот ҷустуҷӯ кунед. Агар фаъолияти ширкат қонунӣ ва расман ба қайд гирифта шуда бошад, ҳатман дар шабакаи интернет дар борааш маълумоти расмӣ пайдо мешавад. Дар қадами баъди номи ҳамон ширкатро дубора ворид карда, ҳамчунин калимаҳои “Лохатрон” ва “машенники”-ро нависед. Ширкат бо ягон кори ғайри қонунӣ машғул шуда, номаш сиёҳ гашта бошад, ҳатман он маълумот рӯйи об мебарояд. Дар қадами сеюм назари дигаронро дар бораи ширкати мазкур ҷустуҷӯ намоед ва таҷрибаи дигаронро аз ҳамкорӣ бо ин ширкат фаҳмида бигиреду баъдан хулоса бароред.  
  4. Кӯшиш кунед, ки аз одамони ношинос ё шахсоне, ки мӯҳлати начадон зиёд о онҳо шиносоӣ доред, қарз нагиред. Дар сурати ҳатто аз шиносҳои деринаи худ қарз гирифтан низ шартҳои қарзгирӣ, мӯҳлат ва тартиби баргардондани пулро пешакӣ маслиҳат кунед, то ки баъди гирифтани қарз шуморо ба ғуломӣ гирифтор насозанд.
  5. Шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои худро ба касе бовар накунед ва ба шахсоне, ки гӯё бо мақсади барои шумо дар хориҷи кишвар ҷойи кор ёфтану виза гирифтан ҳуҷҷатҳоятонро талаб мекунанд, ягон хел ҳуҷҷат надиҳед. Дар ёд дошта бошед, ки барои ба хориҷи кишвар сафар намудан ва тахт кардани ҳуҷҷатҳо ҳар як шахс худаш бояд шахсан ба мақомоти лозима муроҷиат намуда, ҳуҷҷаҳояшро пешкаш созад. Маъмулан нусхаи ҳуҷҷатҳоро гирифта, нусхаҳои аслиро ба соҳибаш бармегардонанд.
  1. Нияти ба хориҷа ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтан дошта бошед, ҳатман ба Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон муроҷиат намоед. Агентии бо кор таъминкунӣ дар хориҷа дар суроғаи зерин ҷойгир шудааст: ш. Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ 108. тел: 221-39-92

   ш. Хоруғ, тел: 502-08-48-28

   ш. Бохтар: тел: 900-04-00-87

   ш. Хуҷанд. Тел: 92-976-63-63

surh
  1. Қабл аз сафар тамоми маълумотҳои заруриро дар бораи ҷое, ки сафар карданиед, корхонае, ки бояд дар он ҷо ба фаъолият пардозед ва маҳалли зистатон дар хориҷа ба наздиконатон дода равед, то бидонанд, ки дар сурати зарурат шуморо дар куҷо бояд ҷустуҷӯ намоянд.
  1. Шиноснома ва дигар ҳуҷҷатҳои худро нусхабардорӣ намуда, нусхаҳоро дар ҷойҳои гуногун пинҳон кунед ва ҷояшонро ба касе нагӯед.
  1. Нусхаи электронии ҳуҷҷатҳоятонро дар махзани интернетии худ нигоҳ доред. Дар сурати гирифтор шудан ба ғуломӣ ва зӯран ҳуҷҷатҳоятонро аз дастатон кашида гирифтан ва ё ҳуҷҷатҳои худро гум карданатон нусхаҳои электроинии ҳуҷҷатҳоятон ба шумо зарур мешаванд.
  1. Баробари ворид шудан ба қаламрави мамлакати хориҷӣ худро расман дар қайди муҳоҷиратӣ гузоред ва ба сафорат ва дигар намояндагиҳои расмии кишвари худатон муроҷиат намуда дар бораи дар ин кишвар қарор доштанатон маълумот диҳед.
  1. Кӯшиш кунед, ки танҳо дар асоси шартномаи меҳнатӣ дар хориҷа ба фаъолияти меҳнатӣ пардохта, худро аз афтодан ба ғуломӣ эмин нигоҳ доред.
  1. Ҳатман забони кишвареро, ки сафар мекунед, омӯзед! Донистани забон натанҳо дар ёфтани кор дар хориҷа ба шумо ёрӣ мерасонад, балки имкон медиҳад дар зарурат аз сокинони ин кишвар ёрӣ пурсида, аз доми ғуломӣ наҷот ёбед.

Дар сурати гирифтор гаштан ба ғуломӣ чӣ бояд кард?

 Дар сурати гирифтор гаштан бо мушкили савдои одамон ва афтодан ба доми ғуломӣ:

  1. Кӯшиш кунед, ки новобаста ба вазъият худро ба даст бигиред ва барои раҳоӣ аз доми ғуломӣ ақли солимро ба кор баред.
  2. Маъмулан шахсони ба доми ғуломӣ гирифтор шудародур аз чашми одамон дар таҳхонаҳо ва дигар ҷойҳои ниҳонӣ нигоҳ медоранд. Шуморо ҳам ба чунин макони бе кас бурда бошанд, доду вой карданатон фоида надорад, зеро ба гумон аст, ки касе садоятонро шунавад, бинобар ин, исён намуда, авзоъро аз будаш вазнинтар насозед.
  3. Шахсоне, ки бо хариду фурӯши одамон машғуланд, ниҳоят бераҳм ҳастанд ва дар сурати сар нафаровардани қурбонӣ метавонанд ӯро лату кӯб намоянд ва азобу шиканҷа диҳанд, бинобар ин, чунин вонамуд созед, ки шартҳояшонро қабул кардед, аммо пинҳонӣ роҳи халосиро ҷустуҷӯ кардан гиред.
  4. Вақте ки ба шумо боварӣ ҳосил намуда, каме озодӣ медиҳанд ва ё барои мулоқот бо “мизоҷ”-клиент мебаранд, дар ягон варақча ба доми ғуломӣ афодан ва ҷойи нигоҳдориатонро навишта, онро гӯё тасодуфан дар кӯча афтонед ё ноаён ба дасти ягон роҳгузар диҳед. Эҳимоли наҷотёбиатон бо ин роҳ хеле кам бошад ҳам, вуҷуд дорад, зеро он шахс метавонад ба мақомот хабар диҳад.
  5. Ба ғуломии шаҳвонӣ гирифтор шуда бошад, шарм надошта ба мизҷони худ дар бораи шуморо зӯран ба фоҳишагию алоқаи ҷинсӣ бо мардони егона маҷбур намудани афроде, ки шуморо ба ин кишвар овардаанд, гӯед. Ҳодисаҳои маҳз бо кӯмаки ягон “мизоҷ”-и худ аз доми ғуломӣ раҳоӣ ёфтани занону духтарони фиребхӯрда хеле зиёданд, зеро ҳатто мардҳои айшпараст низ модару хоҳар ва зану духтар доранду вақте мефаҳманд, ки як занро зӯран ба фоҳишагӣ маҷбур кардаанд, дилашон ба ҳоли он зан сӯхта, дасти ёрӣ дароз менамоянд.

Ташкилотҳое, ки ба имдоди қурбониёни савдои одамон мерасанд

Дар ёд дошта бошед, ки ташкилотҳои зерин ҳамеша ба қурбониёни савдои одамон дасти ёрӣ дароз намуда, барои наҷот доданашон аз доми ғуломӣ чораҳои зарурӣ меандешанд ва рақами телефону суроғаҳои электрониашонро дар хотир бигиред:

  1. Маркази муқовимат бо савдои одамон дар назди ВКД ТҶ.

Тел: 227-07-07 ва 980-10-55-55

ВКД
  1. Дар ҳудуди Федератсияи Россия ба ғуломӣ гирифтор шуда бошед, метавонед шабонарӯзӣ бидуни ягон маҳдудият ба рақами кӯтоҳи 112 занг зада, хабар диҳед. Зангҳо ба ин рақам ройгон мебошанд.
  2. Ба қурбониёни савдои одамон ҳамчунин чат-ботҳои зерин ёрӣ мерасонанд: @safeabroad_bot ва @stay_in_safe_ua_bot.

   Бо воситаи ин чатботҳо шумо метавонед рақамҳои телефони хадамотҳои махсусро, ки дар кишварҳои мухталиф ба муқобили савдои одамон мубориза мебаранд, пайдо намоед.

Подробнее тдж: https://oila.tj/news/odamon-chi-tavr-ba-ulom-meaftand

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *