Одиназода : Нафақаи Ҳукумов нафақаи маъюбӣ аст

Назокат Одиназода муовини аввали раиси агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ки нафақаи Амонулло Ҳукумов, собиқ раиси КВД “Роҳи оҳани Тоҷикистон” нафақаи имтиёзноки маъюбӣ мебошад.

-Рӯзноманигрон ҳамасола ин суолро ба ман медиҳанд, нодуруст инъикос мекунанд. Нафақаи Амонулло Ҳукумов нафақаи маъюбӣ аст ва 6200 сомониро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, номбурда илова ба нафақаи маъюбӣ барои хизматҳо ва мукофотҳои давлатиаш ба андозаи 6 нишондод иловапулӣ мегирад. – гуфт, муовини раиси агентӣ.

Ҳамчунин, Одиназода нафақаи Наталия Назарбоеваро, ки 15000 сомониро ташкил медиҳад. Шарҳ дод:

-Наталияи Назарбоева корманди бонк буданд. Ба ҳама маълум ки кормандони бонк маоши баланд дарёфт менамоянд. Бинобар ин нафақаи Назарбоева дар асоси қонунҳои ҷорӣ мебошад ва ин шаҳрванд нафақаи қонқнӣ дарёфт менамояд.

Ҳамчунин Одиназода қайд кард, ки шоирон, нависандагон, рассомон ва ҳунармандони халқӣ, инчунин дорандгони мукофотҳои давлатӣ аз 20 то 50%-и нафақаи худ бештар маблағ пайдо мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *