Қодирӣ ба директорони мактабҳо мукофотпулӣ медиҳад?
Раёсати маорифи вилояти Суғд аз мақомоти иҷроияи ин вилоят дар мавриди таъмиру азнавсозии 31 бинои мактаб кӯмак хостааст. Ин дар ҳолест, ки соли ҷорӣ ҳангоми машварати августии омӯзгорон Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд аз директорони мактабҳо хоста буд то дар таъмиру бунёди бинои мактаб тадбирҳои мушахас андешанд.
Раиси вилоят пешниҳод кард, ки директорон метавонанд бо ҷалби соҳибкорон, саховатмандон ва ё тариқи ҳашар бинои муассисаи таълимӣ созанд. Санаи 10 октябри соли ҷорӣ, раиси вилоят қарореро ба тасвиб расонид, ки дар асоси он барои сохтани бинои нави мактаби 10 ҳазор сомонӣ, барои сохтани 6-10 синфхонаи иловагӣ 5 ҳазор сомонӣ ва барои сохтани 2-6 синфхонаи иловагӣ 3 ҳазор сомонӣ ҷоизаи пулӣ пешбинӣ шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ