Қодиров: Ҳабибро мағлуб кардан осон нест!
Рамазон Қодиров, раисҷумҳури Чеченистон, Ҳабиб Нурмуҳаммедовро барои пирӯзиаш бар варзишкори ирландӣ Конор Макгрегор табрик кард.
Қодиров, ба мухлисии Ҳабиб Нурмуҳаммедов гуфтааст, ки «Ҳабиб ҳамчун беҳтарин расом, симои Конорро ба тасвир табдил дод» Ӯ афзудааст, ки барои Конор Макгрегор ҳангоми рақобаташ бо Ҳабиб Нурмуҳаммедов лаҳзаи ҳақиқат расид.
Ба гуфтаи вай, Макгрегор фикр мекард, ки рақобат бо Ҳабиб барои ӯ осон аст ва ӯ ба осонӣ пирӯзи ба даст меорад.
Аммо Ҳабиб аз лаҳзаҳои аввал интизориҳои Конарро бар бод дода, рақибашро аз димоғчоқӣ бедор кард, навиштааст Қодиров дар Telegram-и худ.
“Мо ба Ҳабиби мағлубнашаванда бовар доштем. Конор фикр мекард, ки рақобат бо Ҳабиб осон аст ва ӯ ба осонӣ пирӯз мешавад. Лаҳзаи ҳақиқат дар майдони ҳашкунҷа (октагон) расид. Ҳабиб аз лаҳзаҳои аввал рақибашро аз хоб бедор кард. Рақиб фаҳмид, ки Ҳабиб беҳтарин рассомест, ки метавонад симои ӯро ба тасвири бо рангҳои сурх кашида шуда табдил диҳад”, — таъкид кард Қодиров.
Субҳи дирӯз мухлисони варзиш дар тамоми гушаву канори дунё рақобати Ҳабиб ва Конарро, ки дар Лас-Вегаси Амрико баргузор шуд, тамошо карданд. Ҳабиб Нурмуҳаммедов, варзишкори Русия ба Конор Макгрегор, варзишкори ирландӣ пирӯз шуд.
Ҳабиб пас аз нафасгир кардани Конор бо касе аз мухлисони вай аввал баҳс даромад ва худро аз майдон ба сӯи ҳайъати мураббиёну ҷонибдорони Конор партофта, ба онҳо дарафтод. Ин амали вай баҳси калонеро миёни мухлисон ва доварон ба амал овард. Дар анҷом, пирӯзиро бидуни ҳузури ду варзишкор эълон намуданд. Ҳабиб камарбанди қаҳрамониашро ҳифз кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ