Қодирова. С. Ғ ба муддати 10 сол зиндонӣ шуд

Барои сохтакорӣ ва гирифтани қарз ба номи дигарон додгоҳи ноҳияи Сино шаҳрванд Қодирова.С. Ғ-ро  барои 10 сол равонаи зиндон намуд.

Тибқи иттилои Додситонии кулли Тоҷикистон шаҳрванд Қодирова. С. Ғ моҳи июни соли 2012 бо маслиҳати пешакӣ бо собиқ коршиноси қарзии маркази хизматрасонии бонкии №7-и ҶСК “Агроинвестбонк” Қудратов А.Х, шаҳрванд Муродоваро моил кардаанд, ки барои рушди тиҷорат аз бонк қарз гираду ба Қодирова диҳад: “Муродова 7 июни соли 2012 дар асоси шартномаи қарзӣ аз маркази хизматрасонии бонкии №7 ҶСК “Агроинвестбонк” 3 ҳазор доллари амрикоиро гирифта ба Қодирова додааст”.

Манбаъ афзуд, ки Қодирова бо ин усул ба номи худ ва хешовандонаш аз ҶСК “Агроинвестбонк” соли 2012, ҷамъ ба маблағи 39000 доллари амрикоӣ, баробар ба 185640 сомонӣ қарз гирифта, барнагардонидааст.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе 9 августи соли 2017 Қодироваро бо моддаҳои 246 қисми 3 банди “б” ва 340 қисми 2 бандҳои “а”, “б”, “в”-и Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо адо намудани ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *