Ғофилободиҳо аз марги Фотимаю Зӯҳро ғофил монданд

Рӯзи 22 ноябр бар асари сӯхтори як хона дар деҳаи Ғофилободи ҷамоати Дӯкони шаҳри Норак ду тифли дугоники яксола Фотима ва Зӯҳро дар коми оташ ба ҳалокат расидаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, модарашон Фотимаву Зӯҳроро дар гаҳвора баста, худ ба ошхона барои пухтани нон меравад. Дар вақти дар ошхона будани зан либосҳои таре, ки барои хушкондан рӯи бухорӣ (печка)-и барқӣ гузошта буд, баъди хушкидан дармегиранд ва забонаи оташ якбора ин манзилро бо ҳарду кӯдаки банди гаҳвора ва шаш дар хона фаро гирифтааст.

Рӯзи 22 ноябр,соати тақрибан яки рӯз дар деҳаи Ғофилободи ҷамоати Дӯкони шаҳри Норак бар асари фориғболиву беназоратӣ ду тифли яксолаи дугоник Фотимаву Зуҳро якҷоя бо шаш дар хона ба коми оташ рафтанд.

Ба гуфтаи сокинон, падари тифлакон дар муҳоҷират қарор доштаасту модарашон субҳи он рӯз ба тӯйи яке аз хешовандон омодагӣ дида, хамир мешӯрад ва дар тараддуди нонпазӣ шуда, тифлаконро дар гаҳвора мебандад. Ӯ ҳамин тавр либосҳои нимтарро ба рӯи бухорӣ (печка)-и барқӣ тунук карда, аз қазо фаромӯш мекунад, ки баъди хушкидан либосҳоро аз болои бухорӣ бигирад.

Келин ҳамроҳи хушдоманаш бо кулчапазӣ машғул шуда, бехабар мемонад, ки бухорӣ дар дохили хона оташ гирифта, дар як муддати кӯтоҳ тамоми шаш дар хонаашонро сӯзонда, ба хокистар табдил медиҳад.

Ҳамсояҳо бохабар шуда, ба маҳалли сӯхтор омаданд, вале доманаи оташ он қадар баланд буд, ки зӯри мардум ба хомӯш карданаш нарасид ва сӯхторнишонҳоро даъват карданд.

Сӯхторнишонҳо вақте расиданд, ки ин манзил алакай сӯхта хокистар шуда буд. Аз зери овори хона ду гаҳвораро ҳам бо ҷасадҳои сӯхтаи ду тифли маъсум берун кашиданд.

Фотима ва Зӯҳро ҳамагӣ як сол доштанд…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *