Офтоб имрӯз низ таркид, таъсири он ба саломатии инсон
Имрӯз дар Офтоб таркише ба миён омад, ки боиси ба миён омадани туфони магнитӣ гашт. Тавре ба хабарнигори тоҷикистон таймс аз инсититути академияи илмҳо хабар доданд, ин чунин ҳодиса дар 12 соли охир ба вуқӯъ пайвастаст. Таъсири он имрӯз ба минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон расид, ки ба саломатии ин сон таъсир мерасонад. Он муҷиби баланд шудани фишор ва зиёд задани набзи инсон мегардад. Духтурон тавсия медиҳанд, ки аз асабоният худдорӣ карда шавад, доруҳое, ки фишор ва задани набзро мӯътадил мегардонад, истифода баранд.
Ҳамчунин аз институти астро-физика ба мо гуфтанд, ки алангаи шадиди нурҳои Офтоб ба замин расид, ки сабагори баланд шудани туфони магнитӣ гардидааст. Дар ҳоли ҳозир дараҷои туфони магнитӣ ба 4 дараҷа мерасад.
«Қаблан абри плазмавии Офтоб ба мадори Замин соати 4-и шаби гузашта расида буд. Зикр намуданд ба хабарнигори мо, аз институти астро-физика, аз сабаби зарбаи ба Замин расида суръати ҳаркат 1,5 маротиба зиёд гаштааст, ба ин хотир ин ҳодисаи табиӣ 12 соат пеш аз мӯҳлат ба вуқӯъ пайваст. Ин ҳодиса ба Замин таъсири манфӣ расонида хатҳои майдони Заминро «месӯзонад»
Бегоҳии гузашта, тақрибан 3 соат дар Офтоб алангаи шадиди гурӯҳи Х9.3 ба амал омад, ки ин дар 12 соли охир аз шадидтарин таркиш дар ин сайёра аст.
Тавре, ки қаблан зикр кардем ин ҳодиса ин рӯз ҳам такрор ёфт.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ