Офтоби ройгон «лимит» надорад
Ба таваҷҷуҳи вазири энергетика ва захираҳои оби тоҷикистон Далер Ҷумъа
Дар шумораи №27 (1434)-и ҳафтаномаи «Тоҷикистон» матлабе зери унвони «Дар Суғд лимит сар шуд?» ба табъ расид. дар он масъулони соҳа сабаби маҳдудияти барқро ба якбора гарм шудани ҳаво ва таъсири он ба кори зеристгоҳҳои барқӣ рабт додаанд.
Мушкилоти бебарқӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз солҳои навадуми асри гузашта дар ҷумҳурӣ пайдо шуда, солҳои охир хеле кам гардид. Аммо дар ин асри пешрафти илму нанотехнология як соати бебарқ мондан метавонад боиси пеш омадани мушкилиҳои зиёд гардад. Масалан, ҳангоми гузарондани амалиёти ҷарроҳӣ дар беморхона нохост қатъ гардидани неруи барқ метавонад ба рафти он таъсири манфӣ расонад. Бе огоҳӣ хомӯш кардани барқ ва нохост омадани он метавонад боиси вайроншавии таҷҳизоти барқӣ (яхдон, кондитсионер, насоси обкашӣ, компютер, телевизор…) гардад.
Ман бо истифода аз манбаъҳои илмӣ ва маслиҳати олимону коршиносон аз соли 1997 то ба ин дам дар як қатор воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла, ҳафтаномаи «Тоҷикистон» дар бораи истифода аз энергияи алтернативӣ матолиби зиёде навиштаам. Боиси ифтихор аст, ки 98 дарсади истеҳсоли неруи барқ дар кишвари мо ба неругоҳҳои барқи обӣ рост меояд. Вале мумкин аст, ки бо сабабҳои камобӣ, сардии ҳаво яхбандии обанборҳо дар истеҳсоли барқ мушкилӣ эҷод шавад. Бинобар ин олимон тавсия медиҳанд, ки истифода аз маблағҳои дигари энергияи барқароршаванда, ба монанди офтоб, шамол, биогаз, биодизел ва биоэтанол ба манфиати омма аст.
Аз миёни энергияи барқароршаванда пурқуваттаринаш офтоб аст. Офтоб дар муддати 15 дақиқа он қадар энергия медиҳад, ки барои сокинони сайёра дар як сол кифоят мекунад.
Доктори илмҳои химия Ҳаким Аҳмадов мегӯяд, ки барои кишвари мо истифодаи энергияи офтоб ояндаи бузург дорад. Дар мамлакат соле аз 280 то 330 рӯзи офтобӣ мушоҳида мешавад. Ҷилои офтоб дар як сол ба ҳисоби миёна аз 2100 то 3170 соатро ташкил медиҳад.
— Барои истеҳсоли энергияи офтоб ягон хел сӯзишворӣ лозим нест. Тавассути таҷҳизоти офтобӣ дар мавзеъҳои беоб бо насос об кашидан, барқ истеҳсол намудан, обро гарм намудан, мошину қатораро ҳаракат додан мумкин аст. Таҷҳизоти офтобӣ бе дуду бе овоз кор карда, ба муҳити зист зарар намерасонанд,- мегӯяд Ҳаким Аҳмадов.
Соли гузашта бо ташаббуси Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон ва дастгирии Сафорати ИМА дар Тоҷикистон амалишавии лоиҳаи «Пешгирии ифлосшавии ҳаво ва об тавассути энергияи барқароршаванда» оғоз ёфт. Дар доираи татбиқи лоиҳа дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ, аз ҷумла, ноҳияҳои Дарвоз, Шамсиддин Шоҳин, Дӯстӣ, Рӯдакӣ, Шаҳринав, Кӯҳистони Мастчоҳ ва шаҳри Ҳисор обгармкунак, фотопанел, дегдон ва радио- заряддиҳаки офтобӣ дастрас гардид.
Сокини ҷамоати деҳоти Сабои ноҳияи Шаҳринав Сироҷиддин Тошев, аз ҷумлаи 25 нафаре аст, ки дар доираи татбиқи лоиҳа соҳиби радио- заряддиҳаки офтобӣ шуд. Ӯ мегӯяд, ки радио бо дамидани рӯз аз рӯшноӣ неру гирифтанро оғоз мекунад. Дар он телефонро заряд гузоштан мумкин аст. Ҳангоми набудани қувваи барқ фурӯзонаки каммасрафро ба радио пайваст намуда, шом то субҳ метавон хонаро равшан кард. Радио чароғак (фонарик)-е дорад, ки рӯшноияш то 80- 100 метр мерасад.
— Радио — заряддиҳаки офтобӣ барои кормандони мамнуъгоҳҳо, кишоварзон, ҷангалбонон, геологҳо, чӯпонҳо ва сокинони деҳот як дастёри беминнат аст. Бо он на танҳо аз хабарҳои тоза огоҳ шуда, тавассути флешкорт мусиқии дилхоҳ гӯш мекунед, балки ҳангоми набудани неруи барқ хонаро равшану телефонро заряд монда метавонед,- мегӯяд Сироҷиддин Тошев.
Сокини ҷамоати деҳоти «20- солагии Истиқлолият»-и ноҳияи Дӯстӣ Мустафо Валиев иброз дошт, ки як сол боз аз неруи барқ танқисӣ намекашад. Зеро бо насби фотопанелҳои офтобӣ 24 соат бо неруи барқ таъмин аст. Инчунин, дегдони офтобӣ дорад, ки 2 литр обро дар 5- 10 дақиқа меҷӯшонад. Дар он, инчунин, хӯрок низ мепазанд.
— Баъзан бо сабаби аз кор баромадани трансформатор ё қатъ гардидани неруи барқи шабакаи умумӣ ҳамсояҳо ба хонаи мо омада, хоҳиш мекунанд, ки телефонҳояшонро заряд монанд. Неруи барқи тавассути фотопанелҳои офтобӣ истеҳсолшуда барои тамошои телевизор, равшан кардани ҳуҷраҳою ҳавлӣ, заряд мондани телефон, кор кардани яхдон кифоят мекунад,- мегӯяд Мустафо Валиев. Аз баракати таҷҳизоти офтобӣ истифодабарандагони он маблағи зиёдеро, ки қаблан барои пардохти неруи барқ месупориданд, сарфа намуданд.
Ба гуфтаи доктори илмҳои химия Шамс Назаров, дар шароити ҷумҳурии мо як обгармкунаки офтобии ҳаҷмаш як метри мураббаъ соле 150- 200 кило ангиштсанг ва ё 100 литр маҳсулоти нефтиро сарфа менамояд. Агар масоҳати умумии обгармкунаки офтобӣ 10 метри мураббаъ бошад, соле метавонад сӯхтани 2 тонна ангиштсангро пешгирӣ кунад.
Ба гуфтаи иҷрокунандаи вазифаи директори Ассотсиатсияи энергияи барқароршавандаи Тоҷикистон Диловар Маъмуров, таҷҳизоти офтобӣ дар сурати эҳтиёткорона истифода бурданашон 20- 25 сол хизмат карда, дар 3-4 сол хароҷоташонро мебароранд.
Олимон ҳисоб кардаанд, ки ҳангоми самаранок истифода бурдани энергияи офтоб Тоҷикистон метавонад 20 дар сади талабот ба неруи барқро аз ин ҳисоб таъмин намояд. Неруи барқи дар натиҷаи истифодаи таҷҳизоти офтобӣ сарфашударо метавон ба дигар кишварҳо бо нархи баландтар содирот намуд.
Дар маҷмӯъ, истифодаи таҷҳизоти офтобӣ сифати зиндагии сокинони мамлакатро беҳтар намуда, боиси ғанишавии буҷаи хонаводаҳо мегардад.
Сайфиддин СУННАТӢ,
Журналист
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ