Офтобзадагӣ. Роҳҳои пешгирӣ ва табобати он

Имсол тобистон бениҳоят гарм омад. Гармои шадид ба саломатии одамон, махсусан кӯдакон бетаъсир намонда, боиси гирифтор гаштан ба ҳар гуна касалиҳо мешавад. Дар ин матлаб дар бораи яке аз бемориҳои маъмулии тобистона — офтобзадагӣ суҳбат хоҳем кард.

Чаро кӯдакро офтоб мезанад?

Сарфи назар аз он ки барф меборад ё ҳаво 40 дараҷа гарм шуда, нафас кашидан душвор аст, кӯдакон дар кӯча даводав ва шӯхию бозӣ карданро дӯст медоранд. Аксари модарон ба хотири каме осудан аз шӯру мағали бачаҳо ба ин чандон аҳамият намедиҳанд, вале дар чунин ҳавои тафсон дар кӯча муддати дурудароз гаштугузор кардани кӯдакон метавонад боиси бемор гаштани онҳо гардад.

! Модарон бояд махсусан нисфирӯзӣ (аз соатҳои 11 то 17-и бегоҳ) кӯдакони хурдсолашонро ба кӯча баромадан нагузоранд, зеро дар ин вақти рӯз ҳарорати офтоб бениҳоят баланд аст ва зери таъсири нурҳои ултрабунафш хатари кӯдакро офтоб задан даҳчанд зиёд мегардад, махсусан агар кӯдак сари луч мегашта бошад.

Нишонаҳои беморӣ

Волидон на ҳамеша офтобзадагиро аз дигар бемориҳои кӯдакона фарқ карда метавонанд, бинобар ин, мо дар бораи нишонаҳои асосии ин беморӣ каме маълумот медиҳем.

Маъмулан вақте кӯдакро офтоб мезанад, сусту бемадор гашта, аз дарди сар шикоят мекунад. Дилаш тез-тез беҳузур шуда, қай карданаш ҳам мумкин аст. Табаш баланд шуда, то ба 39-40 дараҷа расида метавонад.

Нишонаҳои дигари офтобзадагӣ — ин чарх задани сар, тез-тез задани набз, тез шудани кори дили кӯдак ва хунравӣ аз бинӣ мебошад. Дар баъзе ҳолатҳо кӯдаки офтобзада ҳатто аз ҳуш меравад.

Барои он ки ҳолати кӯдак торафт бадтар нашавад, фавран ба кӯдаки бемор ёрӣ расонидан лозим аст.

Чӣ гуна бояд ёрӣ расонд?

Аввалин коре, ки шумо бояд анҷом диҳед, ин ба ҷойи соя ва салқин бурдани кӯдаки офтобзада мебошад. Пас аз ин либоси кӯдакро бояд аз танаш кашед, то ки ҷисмаш осоиш ёбад. Ба таги сари кӯдак болишт монед ва агар аз ҳуш нарафта бошад, ба ӯ ягон нӯшокии хунукак, масалан компот диҳед. Ба нӯшокӣ каме намак ва як қошуқ шакар андозед, беҳтар аст. Ин ба барқароршавии қуввати кӯдак ёрӣ медиҳад. Барои он ки таъсири нурҳои офтоб ва гармо зудтар аз ҷисми кӯдак хориҷ шавад, латтаеро тар карда, ба пешониаш гузоред. Метавонед ба гардан ва ба таги каши кӯдак низ латтаи тар монед, то ки ҷисмаш сарду салқин шавад.

Муроҷиат ба табиб лозим аст?

Бале! Духтурон ҳолати кӯдакро дидаву санҷида, мувофиқи он амал мекунанд. Ҳолати умумии кӯдаки офтобзада агар хуб бошад, дар хона ба ӯ табобат таъин мекунанд, вале ҳолати кӯдак вазнин ва аз ҳуш рафтаю саломатиаш зери хатар қарор дошта бошад, ӯро фавран дар бемористон бистарӣ мекунанд.

! Волидон бояд дар чунин ҳолатҳо ба бистарӣ кардани кӯдак (махсусан агар тифли хурдсоли 1-5-сола бошад) дар беморхона мухолифат накунанд, чунки офтобзадагӣ метавонад боиси беобшавии организм гашта, кори узвҳои дохилии кӯдакро халалдор созад ва оқибатҳои нохушро ба бор оварад.

Чӣ бояд кард?

Аксари падару модарон офтобзадагиро чандон бемории ҷиддӣ ҳисоб накарда, ба кӯдаки офтобзада аҳамият намедиҳанд. Ин кори хато аст, чунки тавре дар боло гуфтем, бепарвоии волидон метавонад боиси бар асари таби баланд беоб гаштани ҷисми нозуки кӯдак ва вазнин гаштани ҳолаташ гардад.

! Ногуфта намонад, ки ҳар қадаре кӯдак хурдтар бошад, ҳамон андоза офтобзадагӣ барояш хатарноктар аст, бинобар ин, шуморо лозим аст, ки бо мушоҳида намудани нишонаҳои аввалини офтобзадагӣ дарҳол аз паси расонидани ёрии тиббӣ ба фарзанди худ шуда, табибонро даъват намоед ё кӯдакро ба беморхона баред.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *