Охир ба дасти малахак! Ва ё 13 ҷиноткори фирориро Русия ба Тоҷикистон дод
Додситонии кулли Русия рӯзи 24 декабр хабар дод, ки 13 нафарро ба мақомоти Тоҷикистон супурдааст. Онҳо нафароне будаанд, ки дар Тоҷикистон бар зидашон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст, вале онҳо аз ҷавобгарӣ ба Русия фирор карда, дар он ҷо дастгир шуданд.
Додситонии кулли Русия гуфт, ки ҳамаи ин 13 нафар бо риояи меъёрҳои амниятӣ баъди ҳукми қонунӣ гирифтани ҳукми истирдодашон аз Русия ба Тоҷикистон истирдод шуда, ба дасти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон супурда шуданд.
Дар байни 13 нафари истирдодшуда аз ҷумла ду кассири собиқи “Амонатбонк” Раҳматулло Холов ва Зулфия Зайдуллоева, менеҷери собиқи ширкати мобили “Вавилон-М” Насиба Ҷалилова, роҳбари собиқи корхонаи “Суғд Роҳ” Муҳаммадраҳим Азимзода, старшинаи қӯшунҳои марзбонӣ Давлатмурод Ғафуров, ҳамчунин 4 нафари муттаҳам ба фиреб додани шаҳрвандон ва 4 “наркобарон” ҳастанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ