Охирин сафари хориҷии Рӯҳонӣ
Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ сафари дурӯзаи расмии худро ба Маскав шурӯъ кард. Рӯзи 28 март қарор аст дар Кремл дидору гуфтугӯи ӯ бо президенти Русия Владимир Путин баргузор шавад. Ин охирин сафари хориҷии Рӯҳонӣ дар мақоми президенти Эрон мешавад, чун рӯзи 19 май дар Ҷумҳурии Исломӣ президенти ояндаро интихоб мекунанд. Хабаргузории давлатии IRNA гуфт, ки Рӯҳониву Путин дар гузашта ҳадди аққал 8 бор дар Теҳрон, Уфа ва ҳам манотиқи дигари ҷаҳон мулоқот кардаанд. Дар изҳороти расмӣ гуфта шудааст, ки дар ин мулоқот ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва энержӣ баррасӣ мешавад.
Вале мусалламан, мавзӯи ҷанги шашсолаи Сурия ва вазъи геополитикии ҷаҳон аз масоили мавриди баррасии ду раҳбар хоҳад буд. Эрону Русия режими президент Башор Асадро дар мубориза зидди гурӯҳҳои шӯришие, ки аз ҷониби ИМА ва Туркия пуштибонӣ мешаванд, дастгирӣ мекунанд. Як таҳлилгари эронӣ Муҳсини Милонӣ гуфт, ки ин сафар дар чашми Маскав муҳим будани сиёсати хориҷии Эронро таъкид мекунад, чун эрониҳо “дар сиёсати дарозмуддати стратегии Путин дар Ховари Миёна нақши калидӣ мебоза
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ