Охирин ваъдаи Ёдгорӣ: Барқ пас аз 10 декабр доимӣ мешавад!

Нозирҷон Ёдгорӣ ,сухнгӯи “Барқи тоҷик” дар суҳбат бо журналист Далери Эмомалӣ  гуфтааст: “Бо он,ки “Барқи тоҷик”-ро танқид  ва ҳақорат  мекунем, барқ зиёд намешавад. Бояд аҳолӣ сари вақт маблағи истифодаи барқро супорад».

«Корҳои профиталктикӣ ва таъмир асосан ба поён расиданд. Ба наздикӣ барқ пурра дода мешавад”. Ӯ ба саволи мушаххаси Далери Эмомалӣ дар мавриди санаи мушаххас чунин мегуяд. “Шояд пас аз се чор рӯз…”  “Яъне санаи 10-11 декабр ?” мепурсад журналист. “Тақрибан, шояд як ду рӯ пештар ва  ё ақибтар…” ҷавоб медиҳад Ёдгорӣ. Деҳотиён, интизор шавед, то рӯзи  ваъдаи “Барқи тоҷик “ вақти кам боқӣ мондааст…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *