Ҷои забҳи қурбонии душанбегиҳо маълум шуд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ фармон дод, ки дар арафаи иди саиди Қурбон дар 4 гӯшаи пойтахт нуқтаҳои махсус барои забҳи чорвои қурбонӣ ташкил карда шаванд.
Ин нуқтаҳои забҳи чорво бояд дар назди Комбинати гӯшту консерва, ҶДММ «Ангара” (маҳаллаи Роҳи нав), Маҷмааи байторӣ(хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, паҳлуи Маркази дуюми гармидиҳӣ) ва дар корхонаи «Ёвар-11” дар ноҳияи Рӯдакӣ ба роҳ монда шаванд.
Раиси ҳукумати шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ рӯзи 3 август қарори вижаеро дар бораи омодагиҳо ба иди Қурбон имзо кардааст. Дар ин қарор ба мақомоти шаҳрдорӣ амр мешавад, ки дар пойтахт 4 нуқтаи махсус барои забҳи чорвои қурбонии мардум кушоянд:
— дар ноҳияи Фирдавсӣ дар назди бинои ҶСП «Комбинати гӯшту консерва»-и шаҳри Душанбе, воқеъ дар кӯчаи Фучик, 4;
— дар ноҳияи Сино дар назди ҶДММ «Ангара», воқеъ дар маҳаллаи Роҳи нав;
— дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар назди маҷмааи байторӣ, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Шерозӣ (дар назди МБГ-2);
— дар корхонаи замонавии забҳи чорвои ҶДММ «Ёвар-11», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Рӯдакӣ.
Соли гузашта низ шаҳрдории Душанбе барои забҳи чорвои қурбонии мардум нуқтаҳои махсус кушода буд. Ҳамчунин дар назди маҷмааи байторӣ бо ташаббуси соҳибкор Илҳомиддин Тағоевдар арафаи иди Қурбони соли 2017 ярмаркаи фурӯши чорво ташкил шуд, ки дар он чорвои қурбонӣ ба мардум бо нархи аз бозор хеле арзонтар пешниҳод гардида буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ