Оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ стратегия қабул мешавад
Дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи навбатии гурўҳи кории байниидоравӣ оид ба таҳияи Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ баргузор гардид.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти кумитаи мазкур иттилоъ доданд, гурўҳи кории мазкур таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Кумита Рустам Шоҳиён бо мақсади таҳияи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030» ва зербарномаҳои он ташкил карда шудааст, ки ба ҳайати он намояндагони як зумра вазорату идораҳои кишвар шомиланд.
Дар ҷараёни ҷаласа иштирокчиён бо лоиҳаи такмилдодашудаи «Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои солҳои 2017-2030» ва лоиҳаи марбутаи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуда, лоиҳаро мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор доданд.
Таклиф гардид, ки лоиҳаи ниҳоии он бо назардошти тағйиру иловаҳо ба маҷлиси навбатии Платформаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ барои баррасӣ пешниҳод карда шавад.
Дар ҷаласа намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони раёсату шуъбаҳои Кумита ва кормандони Барномаи рушди СММ ширкат карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ