Қоидавайронкунӣ дар бонкҳои Тоҷикистон

Шахсият  ва макони нафароне, ки ба хариду фурӯши асъори хориҷии нақд ғайриқонунӣ машғуланд, муайян гардид.

Дар асоси маводи пешниҳодкардаи Бонки миллии Тоҷикистон ба Прокуратураи генералӣ  ва сохторҳои он дар маҳалҳо нисбат ба 208 нафар, аз ҷумла нисбати 159 нафар парвандаи маъмурӣ ва 49 нафар парвандаи ҷиноӣ ифтитоҳ карда шудааст.

Тибқи иттилои Бонки миллӣ, бонкҳои кишвар низ қоидаҳои мубодилаи асъори хориҷиро вайрон  кардаанд: “Аз ташкилотҳои қарзӣ барои ҷой доштани камбудиҳо, аз ҷумла барои риоя накардани тартиби хариду фурӯши асъори хориҷӣ, меъёри мавқеи кушодаи асъор, нодуруст, носаҳеҳ ва саривақт пешниҳод накардани ҳисоботҳо, ҳамагӣ ба маблағи 394,4 ҳазор сомонӣ ҷарима ситонида шуда, амру супоришҳо нисбати бартараф кардани камбудиҳо дода шудааст”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *