“Оила” барои табрики сарбозон рафт (Видео)

Бахшида ба ҷашни 24-умин солгарди Артиши Миллии Тоҷикистон ҶММ “Оила”, ҳафтаномаи “Оила” барномаи фароғатию фарҳангиро дар Қисми ҳарбии 13483 “Б” Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи ҶТ баргузор намуд.

Сармуҳаррири ҳафтанома Фирӯза Сатторӣ ҷашнвораро оғоз намуда, сарбозон ва афсарони қисми низомиро ба ҷашнашон табрик намуд. Баъдан, сарояндагон ва ҳаҷвнигорон табъи онҳоро бо суруду ҳазлҳояшон болида гардониданд.

Ҳолати санитарии қисми ҳарбии мазкур хеле хуб буда, тамоми биноҳое, ки дар дохили он қомат афрохтаанд, ба талаботҳо ҷавобгӯ мебошад. Шароити зисту зиндагии онҳо низ дар ҳолати хуб аст. Ҳангоми суҳбат маълум шуд, ки сарбозони қисми ҳарбӣ аз рафти хизмат ва шароити мавҷудбуда розӣ мебошанд. Онҳо даъват намуданд, ки бигзор ҷавонони тоҷик аз хизмат саркашӣ нанамуда, баръакс саҳми худро барои ободӣ ва оромии кишвари азизамон Тоҷикистон гузоранд.

Дар охир подполковник Рустам Азимов, командири қисми ҳарбии 13483 “Б”-и Қӯшунҳои хушкигарди Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суҳбат бо мо қайд намуданд, ки дар қисми ҳарбии мо шароити зисти сарбозон дар сатҳи олӣ қарор дорад. Ҳамчунин масъалаи шустушӯи сару либос, ҳамоми ҳайати шахсӣ таҳти назорати шахсони масъул, яъне афсарон қарор дорад. Барои омодабошии ҷангӣ ҳайати шахсӣ ҳамеша омадааст.
Инчунин, номбурда тамоми афсарону сарбозонро ба муносибати 24- умин солгарди Артиши миллии Тоҷикистон табрик намуд.
Маҳинаи Давлат

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

4 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *