“Оила” дар Ромит тӯй дошт

Санаи 18-май барои кормандони  ҶДММ “Оила” рӯзи хотирмон ва фаромӯшношуданӣ гашт.

Дар ин рӯзи саид ҷамъияти мазкур аз рӯйи мақоли “тӯй болои тӯй” амал намуда, якбора се ид-ҷашни 25-солагии ҳафтаномаи “Тоҷикистон”, 17-солагии “Оила” ва 16-солагии “Рекламная газета”-ро таҷлил намуд.

Тӯйи “Оила”-ро дар оғӯши табиати биҳиштосои дараи Ромит, ки  як гӯшаи ҷаннатро мемонад, Шаҳзода Ҳамдамова ва Одили Нозир ҳусни оғоз бахшида, ибтидо суханро ба шоҳсутун ва поягузори ҶДММ “Оила” Шарифи Ҳамдампур доданд.  Директори кулли ҶДММ “Оила” дар суханрониаш зикр намуд, ки “Оила” дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии кишвар нақши барозанда дорад. Нашрияҳои тобеи ин ҷамъиятро имрӯз на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар хориҷи мамлакат низ хонандагони закӣ мешиносанд, мехонанд, дӯст медоранд.

Далели равшани ин гуфтаҳо номаҳои электроние мебошанд, ки олимону адибон ва дигар афроди шинохта аз мамолики хориҷӣ тез-тез тариқи интернет ба ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ирсол менамоянд.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон» яке аз аввалин газетаҳои мустақил дар фазои матбуоти тоҷик аст.  Ин нашрия ҳамзоди истиқлоли кишвар буда, дар тӯли 25-соли фаъолияташ ҳамеша мушкилоти ҷомеаро воқеъбинона инъикос менамояд, аз ҳамин сабаб сазовори эътимод ва боварии мардум гаштааст. Имрӯз дар фазои иттилоотии кишварамон рӯзномаҳо хеле зиёданд, вале “Тоҷикистон” якто буд, ҳаст ва мемонад”,- таъкид намуд Шарифи Ҳамдампур ва аҳли эҷоди ҳафтаномаро бо 25-умин солгарди ҳафтанома муборакбод гуфта,  таманно намуд, ки ҳамеша чунин ҳақгӯ, ҳақҷӯ, ҳақиқатпараст ва адолатхоҳу ватанпарвар бошанд.

Дар чорабинии мазкур заҳмати аҳли ҷамъияти “Оила” мавриди таҳлил қарор гирифта, чанд тан аз кормандон, ки дар тӯли сол фаъолияти назаррас доштанд, бо диплом ва ифтихорномаҳо қадр карда шуданд.

Дар ин рӯзи фараҳбахш, ҶДММ “Оила” боз як иқдоми хуб намуда, ба се нафар ғолибони озмуни “Ягона аз даҳгона”-и сомонаи Тajikistantimes.tj  ҷоиза супурд.

Даври аввали озмуни “Ягона аз даҳгона” байни сарояндагони эстрада ҷараён гирифта, дар он санъаткори ҷавон Наимҷони Сайдалӣ  ғолиб омада буд, вале  мутаассифона бо сабаби ба дасти кормандони БДА  афтиданаш Наимҷон натавонист дар ин чорабинӣ ширкат варзад. Дар даври дуюми озмун, ки байни ровиён сурат гирифта буд, ровии радиои “Имрӯз” Заринаи Тағоймурод бо 10000 овоз ғалаба ба даст оварда ҳамаро қоил кард. Сардабири ҳафтаномаи “Тоҷикистон” Абдумудассир Аҳмадзода ҷоизаро ба Директори радиои “Имрӯз” Худоёри Валӣ супурда зикр намуд, ки дар байни шабакаҳои радиоии кишвар радиои “Имрӯз” дар ҳақиқат пештоз буда,  шунаванда ва мухлисони бешумор дорад. Худоёри Валӣ дар навбати худ эътироф намуд, ки ҶДММ «Оила» дар таҳкими маҳорати ҳунармандону санъаткорон ва ровиёни варзида нақши хос дошта, ҳамеша эҷодкоронро дастгирӣ мекунад. Ӯ аз он изҳори хушнудӣ намуд, ки дар ин ҷамъият бо роҳбарии Шарифи Ҳамдампур кадрҳои ихтисосманд ва мутахассисони варзида ба кор ҷалб гаштаанд ва вазифаи худро софилона иҷро менамоянд.

Ба ғолиби озмуни “Ягона аз даҳгона” дар бахши театр ва синамо Таҳмина Раҷабова ҷоизаро худи роҳбари ҷамъияти “Оила” Шарифи Ҳамдампур супурд. Таҳмина Раҷабова бо чеҳраи мисли гул шукуфон иқрор шуд, ки аз тамоми мукофотҳои то имрӯз гирифтааш ин ҷоиза мақоми хос дорад.

“Вақте масъули озмун Рустам Азимов ба ман занг зада хабар дод, ки дар озмуни “Ягона аз даҳгона” дар қатори ҳунармандони муваффақ номнавис шудаам, қасдан муддати як моҳ ба сомона ворид нагаштам ва касеро аз пайвандону дӯстонам аз озмун огоҳ накардам. Мехостам бидонам, ки оё мардуми одӣ ҳунару маҳорати маро қадр мекунанд ё не. Як моҳ пас Рустам дубора ба ман занг зада хабар дод, ки дар байни даҳгона дар зинаи аввал қарор дорам ва метавонам ғолиби озмун гардам. Ростӣ, аввал боварам наомад, вале чун ба сомона ворид шудам ва шумораи овозҳоямро бо чашми худам дидам, қариб буд, ки беҳуш шуда афтам. Пас аз ин ман боварӣ ҳосил намудам, ки ин озмун озмуни ҳақиқӣ будааст. Ғалаба дар ин озмун ва ин ҷоизае, ки имрӯз насиби банда гашт, масъулияти маро дар назди мухлисони ҳунарам даҳчанд  мегардонад ва то ҷон дар бадан дорам, барои пешрафти ҳунару фарҳанги тоҷик заҳмат хоҳам кашид”,- ваъда дод бо ифтихор Таҳмина Раҷабова.

Тӯйи “Оила”-ро сарояндаи ҷавону умедбахш Гулдона Алиёрзода бо таронаҳои марғуби ошиқонааш обод намуда, хотири меҳмонон ва кормандони ҷамъиятро болида гардонд…

 Рустам Азимӣ

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *