“Оила” Фаридаро аз марг наҷот дод

 

Занги пуризтироби Рустам

Рӯзи ҷумъа, 1-уми июл, соат 12:55. «Аз паси кору бори идора мебароям, касе маро пурсид, гӯед, ки баъди нисфирӯзӣ мебиёяд» гуфт ҳамкорамон Рустам Азимов ва бо табассум сӯйи мо шӯхиомез даст афшонда аз дар баромад. Ману Нодира танҳо монда, ҳар кадом бо кори худ андармон шудем. Аз байн даҳ дақиқа нагузашта, телефонам занг зад. Рақамҳои Рустамро дида: «бобом боз ягон чизи заруриашро фаромӯш кардааст» гӯён, ҷониби Нодира чашмак задам. (Мо ҳамкорон баъзан шӯхикунон ба якдигар чунин лақабҳои хандаовар мегузорем.) Қаламро як сӯ гузошта гӯширо бардоштам.

-Маҳина! Зуд ба назди кӯпруки Душанбинка биёед, як духтар худашро ба дарё партофтанӣ аст, ҳарчанд кӯшиш мекунам, ҳеҷ ӯро аз ин ҷойи хатарнок дур карда натавониста истодаам,- Таҳлукаомез хабар дод Рустам Азимов.

Дастгоҳи сабтро гирифта, ҳамроҳи Нодира осемасар поён фаромадем ва лаб-лаби дарё боло рафтан гирифтем.

Байни маргу зиндагӣ

Аз дур Рустамро танҳо дида, фикр кардем, ки аллакай дер кардему кор аз кор гузаштааст, вале вақте наздиктар рафтем, чашмамон ба духтар ё ҷавонзане афтид, ки рӯймоли калон дар сар, як пояш дар лаби дарё, пои дигараш муаллақ ду чашмашро аз амвоҷи пуртуғёни «Душанбинка» намеканд.

-Хайрият, ки омадед, қариб 10 дақиқа шуд, ки ӯро аз нияташ гардондан мехоҳам, вале гӯё кару кӯр бошад, на ба ягон гапам ҷавоб медиҳад, на ба сӯям нигоҳ мекунад. Чанд маротиба худашро ба об партофтанӣ шуд, маҳкам аз миёнаш дошта, базӯр кашолакунон ӯро қафо кашидам,-оҳ кашида гуфт Рустам ва афзуд,-Вақти аз поғундаҳо   баромадан тасодуфан чашмам ба вай афтид, аввал аҳамият надодам, вале баъди даҳ-понздаҳ қадам дуртар рафтан якбора ба дилам алов афтид, ки ин ҷавонзани танҳо дар ин ҷойи хилвату хатарнок чӣ мекофта бошад. Қафо гашта бинам, худашро сарозер карда ба дарё партофтанист, давида маҳкам аз миёнаш доштаму бо тамоми қувват ӯро қафо кашидам. Қариб монда буд, ки ҳардуямон ба гирдоби ин аждаҳои одамхӯр афтида, ғуррамарг шавем…

Духтар ҳамоно дар қисмати борики роҳрави таги кӯпрук як пояш дар он тарафи девори бетонию пойи дигараш дар ин тараф, ҷони ҷавонаш дар риштаи борике байни маргу зиндагӣ овезон буд ва дар як мижа задан метавонист худро ба об партофта, аз ҳаёт маҳрум созад.

Дарё интизори қурбонӣ буд, вале…

Нодирабону аз дасташ маҳкам дошта, панду насиҳаткунон кӯшиш мекард, ки фикри худкуширо аз сари ӯ берун намояд, вале духтарак  мисли хӯса ба ин ҳама кӯшишҳои апаи Нодира бефарқ ба амвоҷи пурталотуми дарё менигарист.

-Хоҳарҷон, чаро дар инҷо истодаед, охир ин ҷо бисёр хатарнок аст, мабодо саратон чарх занад, ба дарё меафтед,-Аз китфаш дошта маҳин ӯро ҷониби худ кашидам.

Вай бо нафрат ба ман нигариста, дастамро тела дод ва дубора чашм ба гирдоби дарё, ки ҷӯш мезад, дӯхт.

-Худкушӣ гуноҳи азим аст. Касе, ки худкушӣ мекунад, ин дунёву он дунёяш сӯхта, ба оташи сӯзони ҷаҳаннам меафтад. Дар зиндагӣ ягон мушкиле нест, ки осон нашавад, Худо хоҳад, муносибати хушдоманатон бо шумо хуб мешавад, шавҳаратон низ хатояшро фаҳмида меҳрубон мешавад, илтимос, аз ниятатон гардед…

-Ман на хушдоман дорам, на шавҳар,-бори аввал пичиррос зад ҷавонзан.

-Худоро шукр, аз ҳолати садамавӣ баромад,-оҳи сабук кашид Нодира, ки ҳамчун равоншинос ҳолати равонии одамони қасди худкушӣ доштаро хуб медонист.

Муъҷизаи сухан

Тахмин намудам, ки сабаби қасди худкушӣ намудани ин духтарак ишқи бебарор аст. Сарашро силакунон гуфтам:

-Ин тавр бошад, боз беҳтар. Ба гапҳои росту дурӯғи бачаҳои ин замона аҳамият надиҳед, ягон мард дар дунё арзиши онро надорад, ки зан ба хотири ӯ худкушӣ кунад. Баъзе мардҳои номардро садқаи як қатра оби дидаи зан кунад.

Духтарак баъди ин суханон пойи аз он тарафи девори бетонӣ ҳамоил кардаашро гирифту мо нафаси сабук кашидем. Ҷойи нишастааш ҳамоно хатарнок буд, аз ин хотир панду насиҳати зиёде хонда, ӯро ҳамроҳи худ ба редаксия бурданӣ шудем.

-Шумо аз паси коратон равед, ман ба дугонаам занг мезанам, омада маро мебарад,-моро дилпур карданӣ шуд духтарак, вале аз тарси он ки мабодо баъди рафтани мо худашро ба дарё  напартояд, даст аз ӯ бар надошта,  гуфтем:

-Ин ҷо бисёр гарм аст, биёед ҳамроҳи мо ба идораамон меравем, то омадани хешу табор ё дугонаатон дар ҳамон ҷо, дар таги кондитсионер нишаста дам мегиред.

Хулоса, пас аз бист дақиқа мо ӯро розӣ кунондем ва пасон ҷониби бинои Шарқи озод равон шудем. Ба қаду қомати мисли сарв зебою дилкаши ин духтари гандумгуни абрӯсиёҳ нигариста, худ ба худ мегуфтам: «Кадом марди номард чунин зебосанамро то ба худкушӣ расонда бошад-а?»

Дар кашмакаши милиса мемондем, апа!

Дуртар аз мо чанд ҷавон оббозӣ доштанд. Шитобон ба сӯйи мо давидани яке аз он ҷавононро дида, дарк намудам, ки чизе гуфтан мехоҳад ва ба Нодираю Рустам ишорат намудам, ки рафтан гиранд, ман онҳоро дарёб мекунам. Ҷавон қариб нафасгир шуда расида омад ва дар ҳоле, ки ҳаш-ҳашкунон нафас мегирифт сар ҷумбонда, ҷониби духтарак ишораткунон гуфт:

-Апаҷон, шумо ягон хешу табораш мешавед?

-Не, мо журналистем, дар ана ҳамон бино кор мекунем, ҳамкорамон хабар дод, ки як ҷавонзан худашро ба дарё паротофтан мехоҳад…

-Ҳа, фаҳмо. Хайрият, ки сари вақт расида омадед, набошад ин духтар яқин худашро ба дарё мепартофт. Ман қариб ним соат ӯро аз дур назора кардам. Пояшро овезон мекунаду боз ба сӯяш нигаристани моро дида, худро қафо мекашад.

-Барои чӣ кӯшиш накардед, ки ӯро аз ин роҳи бад гардонед?-Пурсидам аз ҷавон.

-Тарсидем, ки агар ин духтар ба гапамон гӯш накарда худашро дар пеши назари мо ба дарё партояд, милисаҳо шумо ӯро ягон кор кардед, ки худкушӣ кардааст гуфта моро бурда маҳкам мекунанд. Апаҷон, мо ба худ қарор дода будем, ки агар худашро партояд, дарҳол ба об даромада, ӯро аз об кашида мебарорем, вале шукр, ки худованд шумоёнро ба имдод фиристоду кор то ин дараҷа нарасид,-ҷавоб дод ҷавон сар ба зер афканда.

-Қариб як соат боз ин духтар дар ҳамин ҷо аст, мегӯӣ?-Пурсидам дубора.

-Ҳа, аз афташ интизор буд, ки кай бачаҳо аз оббозӣ сер шуда мераванду гирду атроф хилват мешавад, ки худро ба дарё партофтани ӯро касе набинад. Ба назарам аз зиндагӣ чунон сер шудааст, ки намехост касе ӯро аз марг наҷот диҳад…

Бо ҷавон хайрухӯш намуда, аз паси ҳамкоронам, ки аз мо хеле дур шуда буданд, равон шудам.

Чаро Фарида қасди худкушӣ кард?

Ба идора расида аз Фарида (духтарак чунин ном доштаст) сабаби қасди худкушӣ намуданашро пурсон шудем. Духтарак оҳи сард кашида чунин қисса кард:

-Мо дар як деҳаи дурдаст зиндагӣ мекунем. Модарам чанд сол боз бемори бистарӣ аст ва  ман ӯро нигоҳубин мекунам. Апаам дар шаҳри Душанбе хона харид. Ба хонаи апаам меҳонӣ омада, дар ҳамин ҷо бо Фаридун ном ҷавоне шинос шудам. Вай бо суханони ширин дар дилам маъво гирифта, ваъда дод, ки албатта маро ба занӣ мегирад. Мани сода ба қавлу қасамҳояш бовар карда, тамоми зару зеварамро додам, ки проблемаҳояшро ҳал кунад. Дар ҳақиқат волидони Фаридун ба хонаамон хостгорӣ рафтанд. Модари беморам бо сад умеду орзу барои ман кӯрпаву болин ва дигар ҷиҳози арӯсӣ дӯхт, бояд баъди рамазон тӯй мешудем, вале акнун Фаридун фарқияти синну солро баҳона карда, фотиҳаро гардонданист. Шумо мардуми қишлоқро намедонед, агар ягон духтар аз фотиҳа гардад, дарҳол дар борааш садҳо овозаҳои бардурӯғ паҳн мекунанд. Намехоҳам обрӯи падару модарам резад, барои ҳамин худамро ба дарё партофтанӣ будам…

Сармуҳаррири ҳафтанома Фирӯза Сатторӣ бо Фарида қариб як соат суҳбат карда, фаҳмонданд, ки дар дунё чизе ширинтар аз ҳаёт нест ва инсон набояд ба хотири мушкилиҳо даст ба худкушӣ занад. «Фаридаҷон, зиқ нашав, ба тухми мард қаҳт наомадааст, сар амон бошад, кулаҳ албатта ёфт мешавад» гӯён, Сатторӣ Фаридаро ба дасти дугонааш супурд ва таъкид намуд, ки дари идораи «Оила» ҳамеша ба рӯйи ӯ ва дигар корафтодагон боз аст, ягон мушкилӣ пайдо шавад, албатта муроҷиат намояд, мо то ҳадди имкон кӯшиш мекунем, ки дар ҳалли мушкилоташ кӯмак расонем.

Ҳамин тавр, «Оила» як духтараки тоҷикро аз марг наҷот дод…

Маҳинаи Давлат     

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *