“Оила” маро зинда медорад!

“Маро зинда медоштагӣ “ОИЛА” аст” гуфту ишора ба рӯзномаҳои дар наздаш хобида намуд. “Агар рӯзе чизе нахонам, худро хуб эҳсос намекунам”.


Мушаррафа Қосимова, яке аз ҳунармандони шинохтаи тоҷик санаи 2 апрел дар синни 101 солагӣ даргузашт. Ӯ модари бодавлат ва бибии зиёда аз 30 набераю бибикалони тақрибан 30 абера аст. Дар арафаи “Рӯзи модар”дар соли 2018 аз тарафи идора супориш гирифтем, ки бо ин модари саҳна суҳбате ороем, вале бо вазъи нохуб будани саломатиашон натавонистем, бо ин модари саҳнаи тоҷик суҳбати комил намоем. Аммо пораҳои суҳбате доштем, ки порае аз онро манзуратон мегардонем.
Атрофи ин ҳунарманди садсола ҳафтаномаҳои “Тоҷикистон”-у “Оила” ва чанд нашрияи дигар “муҳосира” карда буданд. Вақте худро муаррифӣ кардем, ки мо аз ҳафтаномаи “Оила” ва “Тоҷикистон” ҳастем, ӯ якбора “Маро зинда медоштагӣ “ОИЛА” аст” гуфту ишора ба рӯзномаҳои дар наздаш хобида намуд. “Агар рӯзе чизе нахонам, худро хуб эҳсос намекунам”. Дар болои “Тоҷикистон” айнаки шишаҳояш ғафсе мехобид, ки гӯё гуфтаҳои соҳибашро тасдиқ менамуд…


Боварам намеояд, ки…
Мушаррафа Қосимоваро дар манзили истиқоматии нав пайдо кардем. Он кас аввалин таассуроташонро аз хонаи нав чунин изҳор намуданд: “Баъзан боварам намеояд, ки дар ин ҷо, дар ин кӯчае, ки бузургони миллат умр ба сар бурдаанд, зиндагӣ дорам”.
Дар ин замина, Сулҳия, духтари ин бонуи меҳрубон қайд карданд, ки дар кӯчаи мо Улуғзода, Ғ. Абдулло, М. Миршакар, Б. Раҳимзода, Аслӣ Бурҳонов, Т. Фозилова, Н. Махсум зиндагӣ кардаанд.
“Охирин ҷамъшавии пайвандонро дар ҳавлиамон ташкил кардему хостем, ки ба модарам кӯч бастанамонро гӯем. Дар аввал ягон нафар аз фарзандону пайвандонашон ҷуръат накарданд, ки кӯчидан ба манзили навро хабар диҳанд, онҳо қарор доданд, ки бояд ман, ки ҳамеша бо ӯ ҳастам, тавре фаҳмонам, ки сахт нарасад. Чунки вақти кам монда буд ва хонаро бояд холӣ мекардем. Аз он ки худам хеле ғамгин будам, модарам эҳсосоти маро дарк намудааст, ки баръакс маро дилбардорӣ намуда гуфт, ки агар чунин бошад ва умр бақо кунад, манзили навро мебинам. Вақте ин суханро аз модарам фаҳмидам, хеле хушҳол шудам, чунки ғамгин шудани ӯ ба саломатиашон таъсири сахт мерасонад”,-мегӯяд Сулҳия.


100 солаҳоро чӣ қувват медиҳад?
-Ростӣ, дӯстонам ҳам зиёданду пайвандонам ҳам. Вақте мебинам, ки ба аёдатам меоянду бо онҳо суҳбат меороям, дилам кушода ва табъам болида мегардад. Ба ман тавсия доданд, ки зиёд суҳбат накунам, чунки барои гуфтани як ҳарф андеша кардан лозим аст. Синну солам ба сад расид ва ором будан саломатии маро беҳтар мекунад…


Хуррам ба аёдатам меояд
Хуррам (писарам) як духтари русро дӯст дошт. Лекин касе намедонист, ки ӯ рус аст. Чун дар меҳмондорӣ ҳамто надошт. Агар касе “ба хонаи Муҳаммадҷон Қосимов омадем” мегуфт, даррав дастархон боз мекарду ҳар чизе дошт, пеши меҳмон мегузошт. Ҳоло онҳо оилаи калон шудаанд ва дар Федератсияи Русия зиндагӣ мекунанд. Соҳиби набераю абера гаштааст. Ҳар сол ба аёдатам меояд, вале соли гузашта бо сабаби кори зиёд доштанаш дар театре, ки дар он ҷо кор мекунад, натавонист ба Тоҷикистон биёяд.

 

Аввал келинчак будам

-Дар нақшҳои зиёд дар кино бозӣ кардаам. Вақте ҷавон будам, нақши келинчак, духтарро бозӣ мекардам. Вақте мӯйи сарам барвақт сафед гашт, дар нақши занҳои миёнасол саҳнаофарӣ кардам. Вақте каме умрам ба ҷое расид, модар шудам, модари саҳна, модаре, ки гаҳе ғамзадаю гаҳе гирён ва гаҳи дигар дар ҳасрати рӯи фарзанд пажмурдагаштаро нақшофарӣ намудам. Ман ҳам модари фарзандгумкарда ҳастам ва чор фарзандро гум кардам. Шукр мекунам, ки имрӯз духтарам Сулҳияҷон дар бари ман аст…


Натиҷаи заҳматҳо
Мушаррафа Қосимова дорандаи ордени Байрақи Сурхи Меҳнат, медалҳои «Ба муносибати 100-солагии В. И. Ленин», «Барои меҳнати фидокорона», «Ветерани меҳнат» мебошад. Барои заҳматҳои арзандааш бо Ифтихорномаҳои Фахрии Президиуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Охирин даъват ба нақшофарӣ

Сулҳия мегӯяд: Пеш аз пояшон шикастан, коргардон Баҳром Сайфиддинов ба офаридани нақш даъват карда буданд. Вале модарам рад карданд ва гуфтанд, ки дигар наметавонам. Модарам то 75- солагӣ агар хато накунам, дар саҳнаи театру кино нақш офаридаанд. Чунки баъд аз марги падарам ӯ моро нигоҳубин карду танҳо ба воя расонид. Имсол насиб бошад, 110 солагии раҳматии падарам ва 100 солагии модарамро ҷашн хоҳем гирифт. Пеш аз ҳама, ман аз вазири фарҳанг муҳтарам Орумбеков миннатдор ҳастам. Зеро ҳар вақте имкон ёбанд, худашон танҳо ба аёдати модарам меоянд. Ҳар вақт занг зада, аҳволи модарамро мепурсанд.

Ҳеҷ як модар доғи фарзандро набинад

Дуо мекунам, ки дунё тинҷию амонӣ бошад, кишвари мо аз ин ҳам ободу зебо гардад. Ҳеҷ як модар доғи фарзанд набинад. Дар зери осмони софу поки Тоҷикистонамон зиндагии ширину зеборо аз сар гузаронанд. Илоҳо орзую ҳавасатона бинеду соҳиби набераю абера ва чабера гардед. Мисли ман бибии бодавлат шавед. Омин!


Нақшҳои нотакрор
Бибикалони ҳунармандон ҳамчун иҷрокунандаи нақшҳои маишӣ дар саҳнаи театр шинохта шудааст. Ӯ Латофат буд, аз рӯи асари С.Ғанӣ («Тӯй», 1958), Баҳор дар саҳнаи «Ҳаёт ва ишқ»-и Ф.Ансорӣ, (1958), Занаки гӯл дар «Гавҳари шабчароғ»-и С.Улуғзода, (1962), дар асоси ҳикояҳои М. Горкий, ки ба саҳнагузоранда М.Қосимов буд, нақши Марианна («Қиссаи модар», 1968), Модар («Бе ватан»-и С.Сафаров, 1970), Чӯтуройим («Фармони кадушоҳ»-и А.Баҳорӣ, 1971), Бӯстонбибӣ («Ҷон модаракон»-и А.Қаҳҳор, 1972), Модаркалон («Хатро ман навишта будам»-и Ф.Ансорӣ, 1973), Ойша-апа («Қуллаи Фудзияма»-и Ч.Айтматов ва Қ.Муҳаммадҷонов, 1974), Фирӯза («Дохунда»-и Ҷ.Икромӣ, 1954, 1957, 1977), Булбул («Хонашерони майдонғариб»-и Ғ.Абдулло, Шамсӣ Қиёмов, М.Рабиев, 1978), Фармонбибӣ («Исёни арӯсон»-и С.Аҳмадов, 1982) ва даҳҳо нақши дигарро дар киностудияи «Тоҷикфилм», аз ҷумла филмҳои «Дохунда», «Дӯсти ман Наврӯзов», «Нисо», «Вохӯрӣ дар дара», «Дарду алами Афғонистон», «Бачагии Насриддин» ва ғайра бозӣ кардааст.
Мушаррафа Қосимова махсусан баъд аз иҷрои нақши момодоя аз филми «Марди мутаалиқи ду зан», дар муддати кӯтоҳ дар дилу дидаи мардум ҷой гашт. Ин аст, ки чеҳраи нӯронӣ, мӯйҳои сафеди ба пешона хамида ва қомати андаке хамшудааш пеши чашм ҳамеша ҷилвагар асту лафзи ширадораш чун зангулаи зиндагӣ аз абадияту муҳаббат ёдрас менамояд. Нақши модари дар филми машҳури тоҷикии «Нисо» офаридааш низ аз ҳамин қабил образҳои ӯ ба шумор меравад.


Аз идора: Модари санъати тоҷикро ба фарорасии фасли зебои баҳор ва “Рӯзи Модар” муборакбод мегӯем ва дуогӯем, ки ӯ ҳамеша саломат бошад. Идатон муборак, “модари модарон”!
Омодасоз:
Маҳинаи Давлат, март 2018

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *