Оиша

Оиша дар осмон таваллуд шуд

Як зан, ки аз шаҳри Маскави Русия ба шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон сафар мекард, тифлашро ҳангоми парвоз ба дунё овардааст. 

Бино ба иттилои расонаҳо, ин ҳодиса дар дохили толори ҳавопаймои “Аэробус”-и ширкати ҳавопаймоии “Уральские авиалинии” рух додааст. Ин ҳавопаймо аз фурудгоҳи Жуковский дар канори Маскав ҷониби Тоҷикистон ба парвоз хест, вале баъди он ки ҳавопаймо аллакай ба осмон баланд шуда буд, як зани мусофир аз сар шудани дарди зоишаш хабар дод. Азбаски то расидан ба Хуҷанд ҳанӯз чанд соати дигар боқӣ монда буд, аҳли экипаж бояд ин масъаларо ба сурати оҷил ҳал мекарданд.

Кристина Клюева, сардори меҳмондорони ин парвоз нақл кардааст, ки онҳо худ ба сархалабон хабар доданд ва тавассути баландгӯ эълон карданд, ки агар дар байни мусофирон табибон бошанд, аз худ дарак диҳанд. Аз байни мусофирон як “таваллудхонаи сайёр” ҷамъ шуд. Маълум шуд, ки дар байни онҳо 4 нафар аз аҳли тиб будаанд: як табиби неонатолог (табиби навзодон), як табиби рентгенолог ва ду момодоя (акушерка). Ба онҳо меҳмондорони ҳавопаймо бо таъмини “зоишгоҳ” бо болиштҳо, салфеткаҳо ва об кумак расониданд. Ҳамин тавр тифл ба дунё омад. Духтарчаи навзод 46 сантиметр қад ва 2600 грамм вазн дошт. Баъди тақрибан ду соат ҳавопаймо бо 220 мусофир дар Хуҷанд фуруд омад. Модари хушбахтро бо тифли навзодаш аз фурудгоҳ ба бемористон бурданд. Тифли навзодро Оишахон ном гузоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *