Қардонии Путин аз Атамбоев

Президенти Русия Владимир Путин барои саҳми босазояш  дар рушди робитаҳои байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Алмосбек Атамбаев Тартиби Александр Невскийро супорид.

« Ба шумо чун ба шахсе,ки дар дили худ беҳтарин саҳифаи таърихи муштараки моро нигоҳ медорад,супоридани  ин ҷоиза пешниҳоди беҳтарин аст» гуфт  В. Путин.

Маросими ҷоизасупорӣ дар мулоқоти дуҷонибаи президентҳои Руссия ва Қирғизистон дар ҳошия нишасти  сарони ИДМ,ки 16 –уми сентябр да Бишкек баргузор гардида буд, сурат гирифт.

Бино ба итилои  ТАСС ин муаррифӣ дар арафаи 60 солагии Атамбоев иқдоми саривақтӣ мебошад. « Ман шуморо самимона бо зодрӯзатон табрикӯ таҳният  мегӯям. Хело хурсанд аз онам,ки ман ва дигар ҳамкорони ман дар ин рӯз дар инҷо бо шумо ҳастем. Муносибати сиёсии мо рӯ ба тараққӣ аст. Мо дар ҳама соҳаҳо чӣ дар чи шаҳрвандӣ бошад, чи ҳарбӣ ҳамкориҳои хуб дорем. Албатта мо дар шароити мушкил ҳамкорӣ кардаистодаем вале но вобаста аз ҳама мушкилиҳо  аз ӯҳдаи корҳоие,ки ба дӯши мо гузошта шудааст ба хуби мебароем!» гуфт Путин.

Тартиби Александр Невский ҷоизаи Шӯравӣ дар  солҳои ҷанги дуюми ҷаҳон аст,ки бо қарори шӯрои Олии СССР аз 29-уми июни 1942 таъсис ёфтааст, дар якҷояги бо ордени Суворов ва Кутузов.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *